• Роҳпаймоии азими Ошӯрои Ҳусайнӣ (а) дар Саъдаи Яман

Ҳазорон яманӣ бо ҳузур дар роҳпаймоии бошукӯҳи рӯзи Ошӯро дар Саъда бар муқовимат дар муқобили мутаҷовизон таъкид карданд.

Ба гузориши ал-Масира, шаҳрвандони яманӣ дар роҳпаймоии рӯзи панҷшанбеи шаҳри Саъда, ки ба муносибати гиромидошти Ошӯрои Ҳусайнӣ баргузор шуд, бо дар даст доштани парчамҳое дар мухолифат бо сиёсатҳои Амрико дар минтақа шиори “Дар баробари Амрико ҳаргиз таслим нахоҳем шуд” сар доданд.

Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ инқилоби 21 сентябри 2014-и Яманро дар имтидоди инқилоби имом Ҳусайн (а) унвон карданд.

Муҳаммад ал-Бахитӣ узви дафтари сиёсии ҷунбиши  Ансоуллоҳи Яман ҳам рӯзи гузашта тасреҳ кард: Мардуми ин кишвар бо улгубрдорӣ аз имом Ҳусайн (а) ба истодагӣ дар муқобили мутаҷовизон идома медиҳанд.

Узви ҷунбиши  Ансоуллоҳ афзуд: Пойдории мардуми Яман муқобили эътилофи Саъудӣ-Амрикоӣ, ҷаҳонро шигифтзада карда аст.

 

Сентябр 21, 2018 21:05 Asia/Dushanbe
Назарҳо