• Дарёфти шаҳрвандии Русия барои мутахассисони хориҷӣ осон шуд

Муқаррароти дарёфти тобеияти Русия барои мутахассисони ҳирфаии хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон осон шуд.

Ба гузориши Спутник, Гавҳар Ҷураева масъули Созмони муҳоҷират ва қонун дар Русия гуфта аст, ки бо тасмими давлати Маскав, мутахассисони ҳирфаӣ барои касби шаҳрвандӣ имтиёзоти вижа хоҳанд дошт.

Ҷураева таъкид кардааст, ки ҳамакнун шумори зиёде аз пизишкони тоҷик тобеъияти Русияро дарёфт ва дар бемористонҳои ин кишвар фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи масъули Созмони муҳоҷират ва қонун дар Русия, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла коргарони муҳоҷири тоҷик, ки таҳсилоти донишгоҳӣ доранд, метавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд.

Бар асоси қонуни ҷадиди муҳоҷирати Русия, афроди таҳсилкардаи мутаваллиди даврони ҳокимияти Шуравӣ, донишҷӯёни мумтоз ва ба вижа пизишкон ва муҳандисони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон метавонанд тобеъияти Русияро ба осонӣ касб кунанд .

Гавҳар Ҷураева муътақид аст, ки пазириши шаҳрвандии Русияи аз сӯи мутахассисони ҳирфаии тоҷик ба нафъи Тоҷикистон низ ҳаст, зеро ин афрод дар кишварашон имкони ёфтани кори муносиб бо маоши матлубро надоранд, аммо бо фаъолият дар Русия метавонанд ба хонавода ва наздикони худ дар Тоҷикистон кумаки молӣ кунанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз русзабононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия кӯч карда ва тобеият гирифтаанд, 500 ҳазор нафар аз тоҷикҳо низ муваффақ ба касби шаҳрвандӣ шудаанд.

 

Сентябр 23, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
Назарҳо