• Иродати Ҳабиб Нурмагомедов ба Аҳмадшоҳи Масъуд

Ба тозагӣ аксе аз Ҳабиб Нурмагомедов мунташир шудааст, ки иродати ӯро ба ба Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон нишон медиҳад.  

Пирӯзии қотеи Ҳабиб Нурмагомедов, размикори мусулмони аҳли Русия бар Конор МакГрегор аз кишвари Ирландия, ки мавҷе аз шодмониро миёни мусулмонони Русия ва кишварҳои мухталиф аз ҷумла Тоҷикистон дар пай дошт, ҳамчунон бо бозтобҳое рӯ ба рӯст.  

Ҳамарӯза даҳҳо хабар, акс ва клип дар бораи ин гуштигири мусулмони мутадайин мунташир мешавад.

Дар яке аз ин аксҳо Ҳабиб Нурмагомедов аксе аз Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистонро дар даст дорад, ки иродати ӯро ба ин шахсият нишон медиҳад.

Аҳмадшоҳи Масъуд бо вуҷуди гузашти 17 сол аз шаҳодаташ, ҳамчунон миёни мусулмонон маҳбуб аст.

 

Октябр 18, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
Назарҳо