• New York Times: Созмони СИА ибни Салмонро масъули қатли Хошуқҷӣ медонад

Рӯзномаи “New York Times” эълом кард, Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА) ба ин натиҷа расидааст, ки валиаҳди Арабистон масъули қатли нависандаи мунтақиди режими Саудӣ аст.

Рӯзномаи New York Times чаҳоршанбе шаб эълом кард, Созмони СИА асноде дар ихтиёр дорад, ки нақши Муҳаммад ибни Салмонро дар ин қатл собит мекунад.

John Brennan, раиси пешини Созмони иттилооти марказии Амрико низ ахиран дар гуфтугӯ бо шабака “НБС” тасреҳ кард, амалиёти қатли Хошуқҷӣ наметавониста бидуни иттилоъ ва муҷаввизи шахси ибни Салмон сурат гирифта бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Амрико токунун аз маҳкумияти Риёз худдорӣ ва талош карда, то аз қарордодҳои низомии ҳангуфти худ бо Риёз нигаҳдорӣ кунад.

Рӯзномаи Вашингтон пост чаҳоршанбе шаб дар гузорише эълом кард, Вашингтон ва Риёз талош мекунанд қатли Хошуқҷиро ба гунае тафсир кунанд, ки нақши ибни Салмон дар он инкор шавад.

Хошуқҷӣ сешанбе (2 октябр) пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбул Туркия нопадид шуд.

Расонаҳо чанд рӯз баъд гузориш доданд, вай дар дохили консулгарии Арабистон ба қатл расида ва ҷасдаш ба хориҷ аз консулгарӣ мунтақил шудааст.

Хошуқҷӣ, ки мунтақиди режими кунунии ҳокими Арабистон буд, аз бими боздошт шудан дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.

 

Октябр 18, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
Назарҳо