• Washington Post: Интихоботи 6 ноябр инзивои рӯзафзуни Трампро нишон дод

Рӯзномаи Washington Post, натоиҷи интихоботи миёндавраии Амрикоро нишон диҳандаи инзивои рӯзафзуни раисиҷумҳури ин кишвар донист.

Рӯзномаи Washington Post, дар гузорише навишт, вокуниши Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико пас аз мушаххас шудани натоиҷи интихоботи миёндавраӣ нишон дод, ки вай паёми миллионҳо роаъйдиҳандаро нишнидааст.

Ин гузориш афзуд, бо ин, ки натоиҷи интихоботи миёндавраӣ нишон дод, Трамп ҳимояти бисёреро аз даст додааст, аммо вай боз ба ин паём эътиное намекунад.

Ба навиштаи ин рӯзнома, интихоботи миёндавраии Амрико, ки натиҷааш шикасти Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони Амрико буд, Трампро бо чолиши асосӣ мувоҷиҳ кард, аммо вай вокуниши хубе ба он нишон надод.

Ин рӯзномаи амрикоӣ афзуд, Трамп касонеро масъули шикасти ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагони Амрико донист, ки аз вай ҳимоят накарданд.

Интихоботи миёндавраии Амрико, рӯзи сешанбе (6 ноябр) баргузор шуд ва тайи он, демократҳо дар Маҷлиси намояндагон ба пирӯзӣ расиданд.

Трамп ба рағми ин шикасти Ҳизби ҷумҳурихоҳ, муддаӣ шуд, ки ин ҳизб ба пирӯзии таърихӣ даст ёфтааст.

 

 

Ноябр 08, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
Назарҳо