• Дар ҷараёни тирандозӣ дар як қиморхона дар ҷануби Калифорния 13 нафар кушта шуданд

Дар пайи тирандозӣ дар як қиморхона дар шаҳри Тусон-Окс (Tucson Oaks) дар иёлати Калифорнияи Амрико дастикам 13 нафар, аз ҷумла муҳоҷим ва як маъмури пулис кушта шуданд.

Ба гузориши НБС, тирандозӣ соати 11 чаҳоршанбешаб ба вақти ғарби Амрико дар қиморхона дар 40 километрии Лосанҷелес ба пулис гузориш шуд.

Маъмурони пулис дар посух ба шиллики фарди ҳамлакунанда ба сӯи ӯ оташ гушӯданд.

Афроде, ки аз маҳалли тирандозӣ фирор кардаанд, ба як мошини ёрии таъҷилӣ мунтақил шуданд.

Дар замони тирандозӣ беш аз 200 нафар дар ин макон ҳузур доштанд.

Як шоҳиди айнӣ гуфтааст, ки то 30 бор садои рагбори тирандозиро шунидааст.

 

Ноябр 08, 2018 18:52 Asia/Dushanbe
Назарҳо