• Конфронси байналмилалии сулҳи Афғонистон дар Маскав ба кор оғоз кард

Дувумин Конфронси байналмилалии сулҳи Афғонистон бо ширкати намояндагоне аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар Маскав ба кор оғоз кард.

Ба гузориши ИРНА, вазири умури хориҷаи Русия дар оғози Конфронси байналмилалии сулҳи Афғонистон гуфт: Ин конфронс дар пайи ёфтани роҳи ҳалли фарогири масъалаи Афғонистон дар чорчуби раванди созиши миллӣ дар ин кишвар аст.

Сергей Лавров афзуд: Афғонистон ба яке аз маконҳои ҷамъшавии террористҳо табдил шудааст ва гурӯҳҳои террористӣ дар марҳилаи аввал талош мекунанд бо ташкили ДИИШ дар ин кишвар ва ҳимояти хориҷӣ, Афғонистонро ба пойгоҳе барои ҳамла ба дигар нуқтаҳо, аз ҷумла Осиёи Марказӣ табдил кунанд.

Вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар ҳимояти комили кишвараш аз Афғонистони якпорча таъкид кард: Ҳеҷ кас набояд дар масъалаи Афғонистон ба бозиҳои геополитикӣ фикр кунад, зеро дар чунин сурате, ин кишвар табдил ба майдони рақобати қудратҳо мешавад.

Мақомоти кишварҳои Эрон, Русия, Афғонистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон ба ин конфронс даъват шудаанд.

Амрико низ дар сатҳи нозир намояндаеро аз сафорати худ дар Москва ба ин конфронс равон кардааст.

Намояндагони Толибон низ барои нахустин бор дар Конфронси сулҳи Афғонистон ҳузур доранд.

Конфронси сулҳи Афғонистон дар Маскав соли 2017 бар асоси ройзании шашҷонибаи Русия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Чин ва Ҳинд таъсис шуд.

 

Ноябр 09, 2018 16:51 Asia/Dushanbe
Назарҳо