Миср эълом кард, дар наздикии Қоҳира ҳафт гӯри марбут ба давраи фиръавнҳоро кашф карда, ки дар онҳо даҳҳо гурба, қунғуз ва тимсоҳҳои мумиёишуда кашф шудааст.

Холид ал-Анонӣ вазири осори бостонии Миср гуфт: Бостоншиносони мисрӣ муваффақ шудаанд се гӯри мутааллиқ ба даврони подшоҳии ҷадид ва чаҳор гӯри дигари марбут ба даврони подшоҳии куҳани Мисрро пайдо кунанд, ки даруни ин гӯрҳо садҳо чизи дигар аз ҷумла қунғузҳои мумиёишуда вуҷуд дошт.

Вай таъкид кард: Ин нахустин бор аст чунин қунғқзҳое ёфт шудааст.

Ин мақоми мисрӣ афзуд: Дар миёни ин қабрҳо даҳҳо гурбаи мумиёишуда, сад муҷассамаи чӯбӣ ва тиллокоришудаи гурба, як гурбаи бронзӣ ва муҷассамаҳои ҳайвоноти дигаре монанди шер, шоҳин ва гов низ вуҷуд дошт.

Ба гуфтаи Холид ал-Анонӣ, теъдоди ин гурбаҳо нишондиҳандаи арзиш ва эҳтироми гурбасонон назди мисриёни бостон аст.

 

Ноябр 11, 2018 11:42 Asia/Dushanbe
Назарҳо