• Афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи Толибон ба вилояти Ғазнии Афғонистон

Шумори ҷон бохтагони ҳамалоти Толибон ба шаҳристонҳои Ҷоғурӣ ва Молистон дар вилояти Ғазнии Афғонистон ба 70 тан афзоиш ёфт.

Як мақоми шаҳристони Ҷоғурӣ, ки хост номаш фош нашавад дар гуфгугӯ бо хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон, ИРНА, гуфт, дар ин ҳамалот 26 тан аз нирӯҳои вижаи артиш ва 44 тан аз мардум кушта шудаанд.

Вазорати дифои Афғонистон ҳам рӯзи душанбе хабари кушташудани 83 террористро дар амалиёти нирӯҳои амниятии афғон эълом кард.

Вазорати дифои Афғонистон дар баёнияе эълом кард, ин амалиёт дар шабонарӯзи гузашта бо ҳимоят ва пуштибонии нирӯи ҳавоӣ ва тӯпхонаи артиш дар вилоёти Нангарҳор, Кунар, Ғазнӣ, Вардак, Қандаҳор, Урузгон, Фароҳ, Ғӯр, Форёб, Ҳилманд ва Нимрӯз анҷом шуд, ки бар асари он шаш террористи дигар захмӣ шуданд.

Дар ин амалиёт 100 килограмм маводи мунфаҷира кашф ва 12 адад мина низ хунсо шуд.

Вазорати дифои Афғонистон ба ҳувияти террористҳо ишорае накардааст.

 

Ноябр 12, 2018 21:24 Asia/Dushanbe
Назарҳо