• Сарнавишти ҳадяи гаронбаҳои Ибни Салмон ба Имронхон

Нахуствазири Покистон ҳадяи гаронбаҳои валиаҳди Арабистонро барои худ барнадошт ва онро ба хазонаи ин кишвар супурд.

Ба гузориши торнамои хабарии «Экспресс-трибюн»-и Покистон, Имронхон дар сафари моҳи гузашта ба Арабистон, дар дидор бо Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Саудӣ, аз ӯ як соати дастӣ ба арзиши 16 миллион рупия (ҳудуди 120 ҳазор доллар) ҳадя дарёфт кард.

Вай ин ҳадяи гаронбаҳоро ба маҳалли нигаҳдории ҳадяҳо дар хазонаи Покистон ба номи Тушахона таҳвил дод.

Дар сафҳаи Фейсбуки Имронхон омадааст: Нахуствазир метавонист ин ҳадяи бисёр гаронбаҳоро бо пардохти 10 дарсади қимати он ба хазонаи давлат, назди худ нигаҳ дорад, аммо ӯ тарҷеҳ медиҳад ин корро накунад.

Пеш аз ин низ достони эҳдои як гарданбанди гаронбаҳо аз бонуи аввали Туркия ба Юсуф Ризо Гелонӣ нахуствазири вақти Покистон барои ҳазина кардан дар иқдомоти имдод ва наҷоти заминларзаи маргбори соли 2005 хабарсоз шуда буд.

Юсуф Ризо Гелонӣ он ҳадяро пас аз инки маълум шуд, онро назди худ нигаҳ дошта, ба хазонаи давлат таҳвил дод.

 

Ноябр 16, 2018 22:11 Asia/Dushanbe
Назарҳо