Декабр 09, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
  • Валиаҳди Саудӣ куҷост?

Арабӣ Пост иттилоъ дод, ки ҳеҷ кас намедонад, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон аз се рӯзи пеш ва пас аз тарки Алҷазоир куҷост ва ҳавопаймои вай пас аз таъхир дар дидораш бо подшоҳи Урдун куҷо фуруд омадааст.  

Ба нақл аз Спутник, қарор буд, Муҳаммад бин Салмон пас аз Алҷазоир ба Урдун сафар кунад, дар ҳоле, ки дар сафар ба Алҷазоир низ натавонист бо Бутефлика дидор дошта бошад ва иллати онро, мубтало шудани раисҷумҳури ин кишвар ба сармохурдагӣ эълом карданд.

Дар ин хабар ин савол матраҳ мешавад, ки ҳавопаймои валиаҳди Саудӣ куҷо фуруд омадааст?

Охирин бор, вай дар Алҷазоир дида шуда, аммо мушаххас нест, ки баъд аз Алҷазоир ба куҷо рафта ва оё шоҳзодаи Саудӣ ба сурати пинҳонӣ ба Арабистон бозгаштааст ё инки ҳануз дар хориҷ аз кишвараш ба сар мебарад ва дар ҳоли анҷоми дидорҳои сиррӣ бо дигар давлатҳост. То аз хашми афкори умумӣ дар амон бимонад.  

Як манбаи вижа дар гуфтугӯ бо Арабӣ Пост иттилоъ дод: Аз замони оғози сафарҳои Бин Салмон, ки бо Иморот шуруъ шуд, вай ҳанӯз ба кишвари худ бознагаштааст.

Масъалаи аҷиб он аст, ки расонаҳои расмии Саудӣ ҳам ҳеҷ хабаре мабнӣ бар фаъолиятҳои Муҳаммад бин Салмон дар хориҷ ё дохили ин кишвар, мунташир намекунанд.

 

Назарҳо