Январ 07, 2019 18:19 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи Қирғизистон дар ҳоле, ки як бар сифр аз Чин ҷилав буд, бо иштибоҳи дарвозабони худ як голи бодовардаро тақдими чиниҳо кард.

Тими Қирғизистон ибтидо бо як гол дар нимаи аввал аз ҳарифи худ пеш афтод, аммо дар оғози нимаи дувум дарвозабони ин тем Повел Матёш натавонист туперо, ки аз канораи замин ирсол шуда буд, бигирад ва бо иштибоҳи ӯ, туп даруни дарвозаи Қирғизистон ҷой гирифт.  

Чиниҳо, ки пас аз ин голи ғайримунтазира рӯҳия гирифта буданд, голи дувуми худро низ дар дақиқа ба самар расонданд ва бозӣ бо натиҷаи 2 бар 1 ба суди Чин поён ёфт.

Дар дигар бозиҳои имрӯзи Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 соат 17 ба вақти Эрон тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин ба масофи ҳам мераванд.

Тими миллии футболи Эрон низ имшаб дар соати 19:30 ба вақти Эрон нахустин бозии худро дар баробари тими миллии Яман анҷом медиҳад.

Якшанбе низ ду шигифтӣ дар Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 халқ шуд.

Тими миллии футболи Урдун тавонист ҳарифи қудратманди худ Австралияро бо як гол шикаст диҳад ва Ҳинд низ бо натиҷаи пурголи 4 бар 1 баробари Тайланд ба пирӯзӣ расид.

Дирӯз ҳамчунин Сурия ва Фаластин ба тасовии 0-0 расиданд.

 

Назарҳо