Январ 09, 2019 14:50 Asia/Dushanbe

Ашкҳои духтарбачае дар Санкт – Петербург боис шуд, ки раисҷумҳури Русия барои ором кардани ӯ аз мошин пиёда шавад.

Ба гузориши Спутник, Путин, раисҷумҳури Русия дар сафари худ ба Санкт - Петербург, ҳангоме ки мутаваҷҷеҳ шуд духтарбачае ба далели ин ки натавониста бо ӯ акс бигирад, гиря мекунад, мошини худро мутаваққиф кард ва бо ин духтарбача акс гирифт.

Ин иттифоқ ҳангоме рух дод, ки Владимир Путин аз калисои Петропавел хориҷ шуда буд.

Владимир Путин пас аз акс гирифтан ва ором кардани ин духтарбача, бори дигар таваллуди ҳазрати Исои Масеҳро ба афроде, ки дар маҳал ҳузур доштанд, табрик гуфт.

 

 

 

Барчасп

Назарҳо