Январ 11, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Шарту шурути Трамп барои ширкат дар нишасти Давос-2019

Раиси ҷумҳурии Амрико барои ширкат дар Иҷлоси ҷаҳонии иқтисод шарт таъйин кард.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Тарамп рӯзи панҷшанбе дар сафар ба марзи Мексика гуфт: Агар то замони баргузории иҷлоси ҷаҳонии иқтисод, таътилии давлат тамом нашавад, ба ин иҷлос нахоҳам рафт.

Иҷлоси ҷаҳонии иқтисод 22 январ дар шаҳри Давоси Шведсария баргузор хоҳад шуд.

Бо бенатиҷа мондани ройзаниҳо миёни мақомоти Кохи Сафед ва конгресс дар бораи таъмини будҷаи мавриди ниёз барои сохти девори марзии Мексика, давлати Амрико аз 22 декабр 2018 то кунун ҳамчунон таътил аст.

 

Барчасп

Назарҳо