Январ 12, 2019 16:42 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз нокомии Аврупо дар озмуни амалии БАРҶОМ

Тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, тавофуқе бисёр муҳим дар заминаи ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Аммо хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ дар майи 2018 таҳаввуле манфӣ дар ин замина буд, ки дар ростои фурупошии ин тавофуқ сурат гирифт.  

Ба рағми иқдоми Амрико, аммо дигар аъзои БАРҶОМ аз ҷумла аъзои аврупоии он дар чорчуби гурӯҳ 1+4 бар судмандии БАРҶОМ ва зарурати ҳифзи он бо иттихози тадобири амалӣ ва муассир ба манзури идомаи пойбандии Эрон ба БАРҶОМ таъкид кардаанд.

Аз дидгоҳи Иттиҳодияи Аврупо бар ҳам хурдани БАРҶОМ ва лағви ин тавофуқ, таъсироти амниятии манфӣ ба дунбол дошта ва дар айни ҳол эътибори дипломатияи Аврупоро ба шиддат зери савол мебарад.

Аврупоиҳо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ваъда доданд, ки бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд.

Иттиҳодияи Аврупо аз чанд моҳ пеш эълом кард, қасд дорад, барои муқобила бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, як созу кори вижаи молӣ мавсум ба SPV барои пардохти молӣ эҷод кунад, то имкони идомаи ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон фароҳам шавад, аммо Брюссел ҳамчунон дар ҳоли такрори ваъдаҳои бидуни амал аст.

Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш ба таъхири Иттиҳодияи Аврупо дар иҷрои SPV гуфт: Аврупо ба далели надоштани истиқлол дар иҷрои сиёсати хориҷӣ, дар озмуни амалии БАРҶОМ муваффақ набудааст.

Захарова бо баёни инки Маскав борҳо эҷоди SPV-ро дар музокирот бо Брюссел ва кишварҳои узви иттиҳодия матраҳ ва мавриди таъкид қарор додааст, афзуд: Иттиҳодияи Аврупо беҳтар аст, дар арсаи байналмилал нақши мустақил дошта бошанд.  

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар 5 январ бо интиқод аз таъхири Иттиҳодияи Аврупо дар иҷрои созу кори молии байни Эрон ва Аврупо таъкид кард: Сабри Эрон ҳадде дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ихтилофоти фазояндаи Аврупо бо Амрико дар мавориди мухталиф аз ҷумла БАРҶОМ, иҷроӣ кардани SPV гоми муҳиме дар истиқлоли амали Аврупо ва муқобила бо якҷонбагароии Амрико талаққӣ мешавад.

Ин масъалае аст, ки Русия низ бар он таъкид кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо