Январ 12, 2019 22:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати се мубаллиғи ДИИШ дар Доғистони Русия

Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия эълом кард, ки се фарди мусаллаҳ аз мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз пой даровардааст.

Ба гузориши маркази матбуоти Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, дииш-ҳои кушта шуда ба дигар террористҳое, ки дар соли 2017 дар амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Каспийски Доғистон ба қатл расиданд, кумак мекарданд.

Маркази матбуоти Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия дар гузориши худ овардааст, ки афроди кушта шуда дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамла ба як маркази мазҳабӣ ва ба маъмурони амниятӣ дар Доғистон буданд.

Кумитаи миллии зиддитерроризми Русия эълом кард, ки се марди мусаллаҳ шомгоҳи ҷумъа савор бар худрави шахсӣ ба сӯи маъмурони роҳдорӣ, тирандозӣ карданд ва дар тирандозии мутақобили маъмурон, кушта шуданд.

Ин ҳодиса дар ҷодаи федерали Доғистон дар наздикии рустои Агачаул байни манотиқи Қизил-Юрт ва Махачқалъа рух дод.

Вазорати кишвари Доғистон аз ду соли пеш бо ҳадафи муборизаи ҷидитар бо гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки дар бахшҳое аз ин ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд барои ҳар фарде, ки маҳалли пинҳон шудани ҳар як аз сарони террористҳоро иттилоъ диҳад, ҳудуди 85 ҳазор доллар ҷоизаи нақдӣ таъйин кардааст.

 

Назарҳо