Феврал 12, 2019 19:01 Asia/Dushanbe
  • Ёддошти тафоҳуми тиҷорати гандум миёни Эрон, Русия ва Қазоқистон

Эрон, Русия ва Қазоқистон ёддошти тафоҳуми тиҷорати гандум дар Маскав имзо карданд.  

Ин ёддошти тафоҳум миёни муовинони Вазорати кишоварзии Русия, Қазоқистон ва Вазорати кишоварзии Эрон имзо шудааст.

Тафоҳумномаи сеҷонибаи Эрон, Русия ва Қазоқистон дар заминаи транзит ва мубодилаи гандум аз дастовардҳои чаҳордаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Русия аст.

Агарчи Эрон ба иллати худкифоӣ дар тавлиди гандум ниёзе ба воридоти ин маҳсул надорад, аммо метавонад пуле барои содироти гандуми Русия ва Қазоқистон ба дигар кишварҳо бошад.

 

Барчасп

Назарҳо