Март 07, 2019 17:55 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии беш аз 120 террорист дар Покистон

Нерӯҳои артиши Покистон дар амалиёти зиддитеррористҳо дар манотиқи мухталифи ин кишвар, 121 террористро дастгир карданд.

Ба гузориши ИРНА, нерӯҳои амниятии Покистон дар амалиёте барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ бо тафтиши 182 мадрасаи динӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар, ин 121 нафарро дастгир карданд.

Ҷузъиёти бештаре дар ин бора мунташир нашудааст.

Идораи мубориза бо терроризми Покистон (NACTA), ҳамзамон бо ташдиди бархурд бо гурӯҳҳои террористӣ ва ғайриқонунӣ дар ин кишвар ахиран, феҳрасти 68 гурӯҳи мамнуъро мунташир кард, ки номи гурӯҳаки террористӣ ва зиддиэронии мавсуми ба “Ҷундуллоҳ” низ дар он дида мешавад.

Артиши Покистон пас аз амалиёти мавсум ба “Зарби азб” дар ҳудуди панҷсоли гузашта, амалиёти “Рад-ул фасод” зидди террористҳоро оғоз кардааст.

Дар ин амалиёт шумори зиёде аз террористҳо кушта, захмӣ ва дастгир шудаанд.

Гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла “Сипоҳи Саҳоба”, “Лашкари ҷаҳангвӣ”, “ДИИШ”ва “Ҷамоати Аҳрор” дар Покистон ҳузур доранд.

 

Барчасп

Назарҳо