Март 14, 2019 12:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳеҷ қудрате қодир нест байни миллати Эрон ва Ироқ фосила бияндозад

Раиси ҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки нишоте, ки аз мардуми Ироқ дар ин сафар дидем бархоста аз иртиботи амиқи байни ду миллат аст тасреҳ кард, ҳеҷ қудрате дар дунё қодир нест байни миллати Эрон ва Ироқ фосила бияндозад ва тафриқа эҷод кунад.

Ба нақл аз Хабаргузории Форс, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон пас аз бозгашт аз сафари серӯза ба Ироқ дар фурудгоҳи Меҳробод гуфт, дар ин сафар пайромуни масоили тиҷоратӣ монанди коҳиш ва ё ҳазфи таърафаи бархе колоҳо баҳсу тафоҳум шуд. Таъсиси шаҳракҳои санъатии муштарак байни ду кишвар, энержӣ ва тасҳили визаи тиҷоратӣ аз ҷумлаи дигар масоили мавриди баҳс дар ин сафар буд.

Вай бо баёни инки нақше, ки фаъолон ва тоҷирони мо ифо мекунанд барои ду тараф бисёр муҳим аст гуфт, Ироқ аввалин маркази содиротии мо дар дунё аст ва равобти бисёр самимие дар тиҷорат бо ҳам дорем.

Руҳонӣ идома дод, дар хусуси равобити бонкӣ гуфтугӯҳое доштем, то дар бисёре аз мавридҳо пули миллии ду кишвар ҳоким шавад ва равобити бонкӣ осон гардад. Дар хусуси масоили амниятӣ ва минтақа ҳам тафоҳумоти хубе доштем ва ҳам назароти ду кишвар ба ҳам наздик аст.

Раиси ҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки нишоте, ки аз мардуми Ироқ дар ин сафар дидем бархоста аз иртиботи амиқи байни ду миллат аст тасреҳ кард, ҳеҷ қудрате дар дунё қодир нест байни миллати Эрон ва Ироқ фосила бияндозад ва тафриқа эҷод кунад.

Руҳонӣ хотирнишон кард, ин сафар дар маҷмуъ метавонад нуқтаи атфе дар равобити ду кишвар бошад ва дар оянда шоҳиди тавсеаи равобит ба нафъи ду миллат ва ду кишвар бошем.

Назарҳо