Март 14, 2019 16:16 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳолати фавқулода дар Мазори Шарифи Афғонистон

Раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва устондори собиқи Балхи Афғонистон, дар шаҳри Мазори Шарифи ин кишвар ҳолати фавқулъода эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, дар пайи бурузи таниш миёни Ато Маҳаммад Нур ва Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон, устондори собиқи Балх имрӯз (панҷшанбе) аз шаҳрвандони ин шаҳр хост аз рафтан бар сари кор худдорӣ кунанд.

Вай аз бозориёни шаҳри Мазори Шариф низ хостааст, барои таъмини амният ва ҳифзи ҷони худ аз хонаҳошон хориҷ нашванд.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ҳаводорони Ато Муҳаммад Нур, мусаллаҳ шудаанд ва дар ҷодаҳои шаҳри Мазори Шариф рафту омад мекунанд ва ба масъулони вазорати кишвар низ иҷоза надодаанд аз фурудгоҳи ин шаҳр хориҷ шаванд ва шаҳр таътил шудааст.

Таниш замоне оғоз шуд, ки бар асоси тавофуқи Ато Муҳаммад Нур бо Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон, бахше аз коркунон ва масъулони давлатӣ дар вилояти Балх бояд афроди мавриди эътимоди вай бошанд, аммо вазорати кишвари Афғонистон  Муҳаммад Акрам Сомеъ, фармондеҳи полиси Балхро барканор ва Абдурақиб Муборизро ба унвони фармондеҳи ҷадиди полис мансуб кард, ки бо вокуниши Ато Муҳаммад Нур мувоҷиҳ шуд.

Устондори собиқи Балх ин иқдомро хилофи тааҳҳудоти давлати Афғонистон медонад ва бо он мухолифат кард.

Раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон мӯътақид аст, Арги раёсатҷумҳурӣ тавтеаи тозаеро барои барҳам задани амнияти шаҳри Мазори Шариф бароҳ андохтааст.

 

Назарҳо