Март 14, 2019 17:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши озори ҷинсии занон дар артиши Амрико

Сенатори зани амрикоӣ, хостори пайгирии мавзӯи афзоиши озори ҷинсии занон дар артиш Амрико шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Hill”, Марта Максли, сенатори амрикоӣ аз иёлати Аризона, рӯзи чаҳоршанбе хостори баргузории нишасте бо фармондеҳони аршади нерӯи ҳавоии Амрико шуд то дар он, масоили марбут ба озору азияти ҷинсии занони низомӣ, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.

Вай афзуд, муҷримон аз мавозеи қудрати худ ниҳояти суиистифодаро мекунанд.

Ин сенатори зани амрикоӣ ҳафтаи гузашта фош кард, солҳои пеш ва замоне, ки дар нерӯи ҳавоии Амрико хидмат мекард аз сӯи фармондеҳи худ, мавриди суиистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтааст.

Пас аз онки вай таҷрибаи худро фош кард, нерӯи ҳавоии Амрико дар баёнияе эълом кард, фармондеҳон аз ин мавзӯ «шарманда» ва «бисёр муттаассиф» ҳастанд.

Артиши Амрико дар чанд соли ахир бо расвоиҳои густурдае дар мавриди фасоди ахлоқии нерӯҳои худ аз ҷумла фармондеҳони низомӣ мувоҷиҳ будааст.

Бо вуҷуди ваъдаи фармондеҳони низомӣ дар артиши Амрико барои муқобила бо сӯиистифодаи ҷинсӣ ва муҷозоти мутахаллифин, ин мушкил ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп

Назарҳо