Март 15, 2019 19:31 Asia/Dushanbe

Террористҳои мусаллаҳ ба 2 масҷид Линвуд ва Ал-Нур дар  шаҳри Крайстчерчи Зеландияи Нав тирандозӣ карданд, ки дар ин ҳамалаҳои террористӣ, 49 нафар ҷон бохтанд ва 50 намозгузор захмӣ шуданд.

Бар асоси эъоломи мақомоти амниятии Зеландияи Нав, ҳудуди 200 нафар дар ҳоли адои намози ҷумъа дар ин ду масҷид буданд, ки террористҳо ба самти онҳо оташ кушоданд. Баъд аз эъломи вазъияти манъи рафтуомад дар шаҳри Крайстчерч, биноҳои наздик ба маҳаллҳои ҳодиса тахлия шуд.

Теъдоди дақиқи муҳоҷимон ҳанӯз мушаххас нест, вале ба 2 масҷид ба сурати ҳамзамон ҳамла шудааст.

Яке аз муҳоҷимон ба намозгузорони рӯзи ҷумъа дар Зеландияи Нав, ба сурати зинда аз ин ҳамла филмбардорӣ карда ва дар расонаҳои ҷамъӣ аз ҷумла Твиттер ва Фейсбук ба иштирок гузоштааст.

Ин ҳамлагар, ки гуфта мешавад Брентон Таррант ном дорад, дар лаҳзаҳои пеш аз ҳамла ба мусулмонон дар масҷид, мегӯяд ин корро барои коҳиши муҳоҷират ба Аврупо анҷом медиҳад.

Полиси Зеландияи Нав аз боздошти 4 гумонбари муртабит бо ин ҳамлаи террористӣ хабар дод, ки 3 нафар аз онҳо мард ва як нафар зан аст. Полис мегӯяд, ки чандин мошини бомбагузоришударо дар наздики ду масҷид ёфта, ки машғул безарарсозии онҳост.

 

Барчасп

Назарҳо