Март 20, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Тиловати Қаръони карим дар оғози ҷаласаи парлумони Зеландияи нав

Парлумони Зеландияи нав барои нахустин бор бо тиловати оёте аз Қуръони карим кори худро оғоз кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо; парлумони Зеландияи нав барои аввалин бор дар таърихи худ ҷаласаро бо тиловати оёте аз Қуръони карим оғоз кард.

Бар асоси ин гузориш аъзои парлумони Зеландияи нав хостанд бо гуш додан ба оёте аз сураи Бақара бо қурбониёни фоҷеъаи ҳамла ба ду масҷид дар Зеландияи нав ҳамбастагӣ кунанд.

Ҷасинда Ардерн (Jacinda Ardern) нахуст вазири Зеландияи нав дар ҷаласаи парлумон таъкид кард дар ояндае наздик қавонини марбут ба нигаҳдорӣ ва ҳамли аслаҳа барои ҳифзи (амният) кишвар бознигарӣ хоҳад шуд ва тасмимоте дар ин хусус гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик эълом хоҳад шуд.

Ҷумъаи пеш як террористи табаи Австралия дар ду масҷиди шаҳри Крайст Черчи Зеландияи нав намозгузоронро ба рагбори тир баст. Дар ин ҳодиса ҳудуди 50 нафар ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп

Назарҳо