Март 20, 2019 18:47 Asia/Dushanbe
  • Амрико муофияти Ироқро аз таҳримҳои зиддиэронӣ тамдид кард

Як мақоми Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии СНБС-ии ин кишвар, аз тамдиди 90 рӯзаи муофияти Ироқ аз таҳримҳои зиддиэронии Вашингтон хабар дод.

Ба нақл аз ИРНО, ин мақоми Вазорати умури хориҷаи Амрико, ки хост номаш фош нашавад гуфт, ин муфият ба Ироқ иҷоза медиҳад ҳамчунон ба хариди барқ аз Эрон идома диҳад.

Ин Вазорати умури хориҷаи Амрико дар айни ҳол тасреҳ кард, Вашингтон ҳамчунон ба гуфтугӯ бо ироқиҳо дар бораи таҳримҳои Эрон идома хоҳад дод.

Давлати Трамп пеш аз ин дар моҳи декабр Ироқро барои даврае 90 рӯза аз таҳримҳо алайҳи Эрон муоф карда буд, ки ин давраи муофият рӯзи 19 март ба поён расид.

Ироқ бахши зиёде аз ниёзҳои энержии худ монанди барқу газро аз Эрон ворид мекунад.

Одил Абдулмаҳдӣ нахуст вазир ва дигар мақомоти ироқӣ борҳо бо таъкид бар инки мухолифи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон ҳастанд тасреҳ кардаанд кишварашон аз ин таҳримҳо табаъият нахоҳад кард.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи таъаҳудоти Вашингтон дар БАРҶОМ, кишварашро аз ин тавофуқи байнамиллалӣ хориҷ кард ва пас аз он дар ду марҳила таҳримҳои ғайриқонунии ин кишвар зиддиЭронро эълом ва иҷроӣ кард.

Давлати Амрико пас аз хуруҷ аз БАРҶОМ таъкид кард содироти нафти Эронро ба сифр хоҳад расонд.

Вашингтон аммо пас аз шаш моҳ таҳдид ва хатту нишон кашидан барои содироти нафти Эрон, саранҷом душанбе 5 ноябри 2018 ҳашт кишвари умдаи харидори нафти Эрон шомили Корияи ҷанубӣ, Италия, Жопон, Ҳинд, Чин, Туркия, Тайван ва Юнонро машмули муофият аз таҳримҳои нафтӣ кард.

Афзун бар ин Ироқ низ аз таҳримҳо алайҳи Эрон муоф шудааст.

Барчасп

Назарҳо