Март 21, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Табрики дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Наврӯз

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи ҷаҳонии Наврӯзро ба унвони фурсате дар ҷиҳати таҷдиди ирода барои сохтани ҷаҳоне беҳтар барои ҳама табрик гуфт.

Ба гузориши панҷшанбеи ИРНО, Антонио Гутереш дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар паёме твиттерӣ  Наврӯзро ба ҳамаи касоне, ки ин рӯзи ҷаҳониро ҷашн мегиранд табрик гуфт.

Гутереш навишт барои ҳамаи касоне, ки ин рӯзро ҷашн мегиранд Наврӯз оғозе дубора аст соли нав расидани баҳор ва таҷдиди табиат. Ин рӯз барои ҳамаи мо фурсате барои таҷдиди иродаамон дар ростои сохтани ҷаҳоне беҳтар барои ҳама аст. Наврӯз муборак!

Наврӯз дар соли 2009 ба унвони суннате фарҳангӣ, ки тавассути миллатҳои мухталиф гиромӣ дошта мешавад  дар руйхатти мероси номалмуси фарҳангии башарият сабт шуд.

Ин рӯз дар соли 2010 дар Созмони Миллали Муттаҳид ба пешниҳоди муштараки чандин кишвар аз ҷумла Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба унвони "рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" шинохта шуд.

Барчасп

Назарҳо