Март 21, 2019 18:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи газофагуиҳои Помпео, бо таҳдид аз сӯи Эрон ру ба ру ҳастем

Вазири умури хориҷаи Амрико дар Кувейт бори дигар ба такрори иттиҳомоти воҳии худ алаҳи Эрон пардохт.

Ба гузориши Радиои тоҷкии Садои Хуросон, Майк Помпео дар нишасти хабарии муштарак бо шайх Саббоҳ Алхолид Алҳамд Алсаббоҳ вазири умури хориҷаи Кувейт муддаӣ шуд минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳон бо таҳдиди Эрон ру ба ру аст.

Майк Помпео пеш аз ин низ  ҳамсӯ бо Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико Эронро ба ҳимоят аз терроризм ва анҷоми иқдомоти мухарриб дар минтақа ва ҷаҳон муттаҳам карда буд.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ (8 май) корзории ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 май 2018 ба таври якҷониба бо поймолсозии таъаҳудоти Вашингтон зейли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байнамиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеъаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ-саҳюнистӣ дар минтақа дорад.

 

Барчасп

Назарҳо