Март 21, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Кандидаи эҳтимолии раёсат ҷумҳурии Амрико: Амрикоро ба БАРҶОМ боз мегардонем

Кандидаи эҳтимолии раёсат ҷумҳурии Амрико ва вазири пешини маскан ва тавсеъаи шаҳрӣ дар давлати Борак Обама дар паёме твиттерӣ изҳор кард, ки дар сурати расидан ба мақоми раёсат ҷумҳурӣ Амрикоро ба тавофуқи ҳастаии таърихӣ бо Эрон боз мегардонем.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷулиян Кастро кандидаи эҳтимолии раёсат ҷумҳурии Амрико ва вазири пешини маскан ва тавсеъаи шаҳрӣ дар давлати Борак Обама дар паёме твиттерӣ изҳор кард, тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон як дастоварди барҷаста буд, ки барои се сол аз муҷаҳҳаз шудани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ пешгирӣ кард. Агар Эрон ба пойбандӣ ба таъаҳудоти тавофуқ ҳамонтавр ки ҷомеъаи иттилоотии Иёлоти муттаҳида эълом кардааст идома диҳад ба унвони раиси ҷумҳур, Амрикоро ба БАРҶОМ боз мегардонам.

Барчасп

Назарҳо