Март 25, 2019 13:03 Asia/Dushanbe
  • Баҳор дар миёни туркаманҳо+акс

Истиқбол аз баҳор ва Наврӯз дар Туркманистон, ки беш аз ‪ ҳафтодсол зери султаи коммунистҳо қарор дошт, ҳар сол бошукӯҳтар аз солҳои қабл баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, шаҳрҳо ва рустоҳои кишвари 6 миллионнафарии Туркманистон ба муносибати Наврӯз озинбанд(чароғон)-ӣ шуда ва ба ҳамин муносибат маросимҳои суннатии мухталиф дар ҳоли баргузорӣ аст.

Шеърхонӣ, мусобиқоти асбдавонӣ ва иҷрои намоишномаҳо бар асоси кутуби таърихии туркаманҳо аз ҷумлаи барномаҳои вижаи айёми Наврӯз дар нуқоти мухталифи ин кишвар аст.

Туркаманҳо дар ин айём ғизоҳои маҳаллии хоссе ҳамчун «Наврӯз кача», «Наврӯз бома» ва «Сумана» пухта ва онҳоро дар ихтиёри мардум қарор медиҳанд.

Мардон ва занони ҷавони туркаман низ дар рӯзҳои ҷашн, бозиҳо ва саргармиҳои вижае аз ҷумла саворкорӣ, куштӣ, париш барои гирифтани дастмол аз баландӣ, шохзании қучҳо ва бозии шатранҷ баргузор мекунанд.

Пахши мустақими баргузории мусобиқоти асбдавонӣ ва мусиқӣ дар биёбон ва дашт аз радио ва телевизиони давлатии Туркманистон, аз ҷумла барномаҳои вижаи айёми Наврӯз дар ин кишвар аст.

Давлати Туркманистон як сол пас аз истиқлол аз Шӯравӣ дар соли 1992, Наврӯзро ба унвони яке аз идҳои миллии худ эълом кард.

Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури собиқи Туркманистон, ки ба сурати ҷиддӣ сиёсати бозгашт ба суннатҳои куҳанро дар кишвари худ думбол мекард, Наврӯзро яке аз қадимитарин идҳои миллии туркаманҳо муаррифӣ намуд. Вай гуфта буд, ки аҷдоди мо Наврӯзро ба унвони оғози соли нав ҷашн мегирифтанд ва дар 3 ҳазор сол пеш дар навиштаҳои«Авесто», иди Наврӯз ба унвони соли нав баргузор шудааст.
 

 

Назарҳо