Апрел 23, 2019 19:27 Asia/Dushanbe
  • Човушуғлу: Тасмими Амрико дар қиболи Эрон гундагӯӣ аст

Вазири хориҷаи Туркия пас аз дидор бо ҳамтои тоҷикистонии худ дар Анкара гуфт, пешниҳоди Амрико барои хариди нафт аз кишвари дигаре ба ҷойи Эрон, гундагӯиӣ (калонгапӣ, беҳудагӯӣ) аст.

Мавлуд Човушуғлу пас аз дидор бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт: Амрико дар бораи Эрон тасмими якҷониба гирифтааст ва ба дигар кишварҳо низ мегӯяд, ки бояд табаият кунед ва ҳазина бипардозед, аммо Туркия мухолифи чунин фишорҳо ва иқдомоте аст.

Вазири хориҷаи Туркия бо баёни ин ки ин гуна таҳримҳо ба мардуми Эрон осеб ворид мекунад, изҳор дошт, ин иқдом барои суботу амнияти минтақа низ бисёр хатарнок аст. Зимни ин ки барои Туркия ва дигар кишварҳо эҷоди танаввуъ дар таъминкунандагони нафт ба осонӣ мумкин нест, зеро барои тағйири манбаи таъмини нафт бояд тағйироти иҷборӣ дар полоишгоҳҳо эҷод шавад ва ин низ ҳазинаи зиёде дар пай дорад.

Човушуғлу гуфт, хутути лӯлаи Ироқ низ бар асари ҳамалоти ДИИШ осеби зиёде дидааст ва таъмири он ба замон ниёз дорад ва аз сӯйи дигар зарфияти интиқоли хати лӯлаи нафт аз иқлими курди шимоли Ироқ ба Туркия низ маҳдуд аст.

Вазири хориҷаи Туркия бо ишора ба фишори Амрико бар кишварҳои дигар барои хариди нафт аз бархе кишварҳои хос афзуд: “Оё Шумо барои он кишварҳо бозорёбӣ мекунед? Бозорёбии вазири хориҷаи як кишвар барои кишварҳои дигар бисёр иштибоҳ аст. Чизе, ки ба зеҳн хутур мекунад, ин аст, ки чун Эрон бо он кишварҳо дорои таниш аст, пас аз Эрон нафт нахаред ва аз он кишварҳо бихаред, чун онҳо бо Амрико ҳамкории наздики доранд”.

Вай таъкид кард, ин иқдом аз лиҳози ахлоқӣ ва сиёсӣ дуруст нест ва аз буъди тиҷорӣ низ бо қонунҳои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар тазод ва риске барои суботи минтақа аст.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Туркия, Амрико ва Исроил бо Эрон душманӣ мекунанд ва аз сӯйи дигар низ дар фикри афзоиши фурӯши нафти кишварҳое ҳастанд, ки бо онҳо ҳамкории наздике доранд. Ҷаҳон то кунун шоҳиди чунин рӯйкарде набудааст.

Пеш аз ин нишасти хабарӣ вазири хориҷаи Туркия бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷа Тоҷикистон дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд.

Дар ин дидор тарафайн дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, омӯзишӣ, беҳдоштӣ, гардишгарӣ ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм гуфтугӯ ва бар зарурати ҳамоҳангии бештар барои ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ таъкид карданд.

Имзои як ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни архивҳои Вазорати хориҷаи Туркия ва Тоҷикистон аз дастовардҳои ин дидор буд.

 

Барчасп

Назарҳо