Май 01, 2019 12:55 Asia/Dushanbe

Шоҳзода Нарухито, писари калонии император Акихито ба унвони 126-умин Императори Ҷопон бар тахт нишаст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ассошиэйтед Ппресс, Нарухито, писарит калонии Император Акихито ба таври расмӣ тахти императориро аз падар таҳвил гирифт.

Императори нави Ҷопон зимни қадрдонӣ аз падараш гуфт вай мутааҳҳид аст ҳамвора ба фикри мардуми кашвараш бошад ва ба масъулиятҳои худ ба унвони улгуи кишвар ва ваҳдати мардуми он, мутобиқ бо қонуни асосӣ амал кунад.

Акихито дирӯз сешанбе баъд аз 30 соли ҳукумат бар Ҷопон аз қудрат канорагирӣ кард ва як рӯз баъд тахти императорӣ ба таври расмӣ ба фарзандаш вогузор шуд.

Писари калонии Акихито, императори Ҷопон ба унвони 126-умин императори ин кишвар баргузида шуд ва асри ҷадиде дар таърихи Ҷопон ба номи "Райва" ба маънои ҳамоҳангии зебо оғоз шуд.

Ин лаҳзаи таърихӣ дар Ҷопон аст ва ба ҳамин муносибат таътилии истисноии 10-рӯзае дар Ҷопон эълом шудааст, аммо тағйири император бидуни ҳаёҳу ва пушти дарҳои бастаи қаср анҷом шуд.

Дар низоми сиёсии Ҷопон император фаъолияти сиёсӣ надорад ва умдаи фаъолияти вай сирф ширкат дар маросимҳои мухталиф аст.

 

Назарҳо