Май 02, 2019 12:35 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии коргар дар Фаронса, боздошти 300 нафар дар Париж+akc

Вазорати кишвари Фаронса асри чаҳоршанбе аз боздошти 300 нафар дар ҷараёни роҳпаймоӣ ва таҷаммуъоти рӯзи ҷаҳонии коргар дар Париж пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, садҳо ҳазор нафар аз мардуми Фаронса  рӯзи чаҳорашнбе аввали май, ҳамзамон бо рӯзи ҷаҳонии коргар дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар аз ҷумла Париж роҳпаймоӣ карданд.

Сандикоҳо ва Ҷунбиши зиддисармоядории Фаронса шумори тазоҳуркунандагони фаронсавиро 310 ҳазор нафар эълом карданд.

Ин роҳпаймоӣ бо ҳамлаи неруҳои амниятии Фаронса ба хушунат кашида шуд.

Вазорати кишвари Фаронса эълом кард, беш аз 100 муътариз дар ҷараёни ин роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар захмӣ шудаанд.

Баргузории роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии коргар дар саросари Фаронса дар ҳолест, ки ин кишвар аз 17 ноябри 2018 шоҳиди эътирозоти мардумӣ алайҳи сиёсатҳои давлати ин кишвар аст.

Эътирозҳо дар ибтидо дар вокуниш ба сиёсатҳои иқтисодии Эманоел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса ба вижа дар ҳавзаи сузишворӣ ва андоз оғоз шуд, аммо ба суръат ҷанбае сиёсӣ ёфт.

Муътаризони фаронсавӣ, ки худро "Ҷилиқа зардҳо" номидаанд сиёсатҳои Макронро сабаби ташдиди фишорҳо бар шаҳрвандони фаронсавӣ дониста ва хостори барканории вай ҳастанд.

Бар асоси назарсанҷии ахире, ки тавассути Odoxa  барои радиои Фаронса ва рӯзномаи Лофигаро анҷом шуда 3 аз даҳ 4 фоизи мардуми Фаронса аз амалкарди Макрон розӣ нестанд.

 

Назарҳо