Май 15, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Донишманди рус хуруҷи рӯҳ аз баданро ба тасвир кашид

Як донишманди рус бо дурбини вижа лаҳзаи хуруҷи тадриҷии рӯҳ аз бадан дар ҳангоми маргро ба тасвир кашонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Алолам”, ин тасвир, ки бо фанноварии пешрафта гирифта шудааст, рӯҳро бо ранги обӣ (кабуд) нишон медиҳад, ки ба таври тадриҷӣ дар ҳоли тарки бадан аст.

Константин Коратков, донишманди рус мегӯяд, ки рӯҳ ибтидо аз ноф ва сар ҷисмро тарк мекунад ва охирин аъзое, ки рӯҳ аз онҳо хориҷ мешавад рон ва қалб ҳастанд.

Вай ҳамчунин ба ин натиҷа расидааст, ки рӯҳи афроде, ки ба сурати хушунатомез ва ё ғайримунтазира мемиранд, дар ҳолате аз ошуфтагӣ ва сардаргумӣ ба сар мебарад.  

Фанноварии ба тасвир кашидани энержӣ, ки Коратков, донишманд рус онро тавсеа додааст, ба унвони як технологияи пизишкӣ дар Вазорати беҳдошти Русия сабт шуда ва то кунун беш аз 300 пизишк дар ҷаҳон барои дармони фишорҳои рӯҳӣ ва ташхиси пешрафти бархе бемориҳо монанди саратон аз он истифода кардаанд.

Коратков мегӯяд, ки ин фанноварӣ ҳамчунин метавонад дар ташхиси фаврии анвои ихтилолоти ҷисмӣ ва тавоноиҳои ақлии як фард истифода шавад.

Константин Коратков беш аз 200 мақола дар маҷаллоти физик ва зистшиносӣ ба риштаи таҳрир даровардааст ва 17 гувоҳии сабти ихтирооти биофизикӣ дорад.

Ӯ аз беш аз 30 соли пеш то кунун дар бораи ҳар он чӣ, ки марбут ба фикр ва рӯҳ аст, таҳқиқ ва дар беш аз 43 кишвари ҷаҳон ҷаласот дарс ва давраҳои омӯзишӣ баргузор кардааст.

 

 

Назарҳо