Май 16, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Панҷшанбе, рӯзи

Созмони донишҷӯёни Имомияи Покистон эълом кард, рӯзи панҷшанбе дар саросари ин кишвар дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва маҳкумияти иқдомоти душманситезонаи Амрико рӯзи "марги бар Амрико" баргузор хоҳад кард.

Раҳбарони барҷастаи Созмони донишҷӯёни Имомияи Покистон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар шаҳри Лоҳур тасреҳ карданд Қудси шариф, қиблаи аввали мусалмонони ҳамчунон дар ишғоли қудратҳои истикбории ҷаҳон ва режими саҳюнистӣ аст.

Саид Қосими Шамсӣ, раиси Созмони донишҷӯёни Имомияи Покистон  бо маҳкум кардани ҷиноятҳои режими кудаккуши Исроил таъкид кард, миллионҳо нафар аз мардуми Фаластин бо таваҷҷуҳ ба ишғолгариҳои режими саҳюнистӣ бехонумон шудаанд.

Саид Қосими Шамсӣ  бо интиқод аз амалкарди заъифи Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, ин созмони дар таъмини ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои режими кудаккуши Исроил бо шикаст ру ба ру шудааст.

14 майи 2019 мусодиф бо ҳафтоду якумин солгарди ихроҷи садҳо ҳазор фаластинӣ аз сарзаминашон ва рӯзи чаҳоршанбе 15 май баробар бо ҳафтоду якумин соли шаклгирии режими ҷаълии Исроил аст.

 

Назарҳо