Июл 18, 2019 13:06 Asia/Dushanbe
  • Иддаоҳои Амрико дар бораи нақши Эрон дар ҳодисаҳои Тангаи Ҳурмуз

Амрико Эронро дар рабуда шудани эҳтимолии як каштии нафтии Аморот, ки чанд рӯз пеш адр Тангаи Ҳурмуз нопадид шудааст масъул медонад.

Ба гузориши Спутник, нафткаши Риёҳ, ки байни Дубай ва Шорҷа дар савоҳили шарқии Аморот рафту омад мекунад ҳомили парчами Панама буд. Ин нафткаш дар ҳоли убур ба самти бандари Фуҷайра дар савоҳили Аморот буд, ки нопадид шуд. Амрико Эронро масъули рабудани ин каштӣ медонад.

Саид Ҳодии Афқаҳӣ коршиноси масоили Ховари Миёна ва кишварҳои арабӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник дар ин бора гуфт, амрикоиҳо тибқи маъмули ҳамеша ин ҳарфро мезананд ва ангушти иттиҳом ба сӯи Эрон дар ҳар ҳодисае дар Тангаи Ҳурмуз мезананд, худашон барои худашон мантаж ва фотошоп мекунанд ва ҳама чизро ба Эрон нисбат медиҳанд. Ҳамчунон, ки каштие, ки дар бандари Фуҷайра таркид гуфтанд, кори Эрон будааст. Ду каштии жопонӣ ҳамзамон бо сафари нахуствазири Жопон таркид ва инро кори Эрон медонанд, (дар ҳолеки Эрон ҷони хадамаи ин каштиро наҷот додаанд ва ба онҳо паноҳ доданд) Амрико мехоҳад шароити Тангаи Ҳурмузро амниятӣ кунад, ки битавонанд Ҷомеаи ҷаҳониро водор ба эҷоди эътилофи байналмиллалӣ алайҳи Эрон бикунад. Амрико бо камоли таассуф ин ҳодисаҳоро эҷод мекунад, то Эронро таҳдид намояд. Дар ҳоле ки то кунун ҳеҷ кадом аз иттиҳомоте, ки ба Эрон ворид кардаандро натавонистаанд собит кунанд.

Аз сӯи дигар аморотиҳо, ки каштиҳояшон дар Фуҷайра таркида шуд, эълом намудаанд, ки мо ҳануз натавонистаем бифаҳмем, ки чи касе  ин каштиҳоро таркондааст. Акнун дар ин қазия низ Аморот эълом  намудааст, ки ин каштӣ аз они Аморот нест, дар ҳоле ки ҷолиб ин аст амрикоиҳо ташхис додаанд ин каштии аморотӣ аст ва эрониҳо онро рабудаанд ва ҳеҷ мадраке низ ироа накардаанд.

Барчасп

Назарҳо