Сентябр 06, 2019 19:05 Asia/Dushanbe

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, давлати ин кишвар дар бораи тавофуқи эҳтимолии Амрико бо гурӯҳи Толибон ва паёмадҳои он нигарон ва тавзеҳи Вашингтонро дар бораи ин тавофуқнома хостор аст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо таъкид бар ин ки давлат хостори барқарории сулҳ дар ин кишвар аст ва аз ҳамаи талошҳо дар ин замина ҳимоят мекунад, аз нигаронии давлати Афғонистон дар бораи тавофуқи Амрико ва Толибон хабар дод.

Сиддиқӣ афзуд, тафоҳумномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон паёмадҳо ва хатарҳое барои Афғонистон дорад.

Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар сафари ахираш ба Кобул нусхаи пешнависи тавофуқнома бо Толибонро дар ихтиёри Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон қарор дод то онро мутолеа кунад, аммо иҷоза надод як нусха аз ин тавофуқномаро назди худ нигаҳ дорад.

Нуҳумин даври музокироти намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Доҳаи Қатар чанд рӯзи пеш ба поён расид.

Ин музокирот то кунун натиҷае барои мардуми Афғонистон надоштааст.

 

 

Барчасп

Назарҳо