Сентябр 07, 2019 12:01 Asia/Dushanbe

Сиву дуввумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Маскав бо ҳузури ношироне аз Эрон ва 33 кишвари ҷаҳон дар маркази намоишгоҳои китоби пойтахт кушоиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷумҳурии исломии Эрон бо арзаи беш аз ҳазор унвон китоб дар  се ғурфаи муҷазо, ҳузури пурранг дар намоишгоҳи имсол дорад.

Дар ҳошияи намоишгоҳи байналмиллалии китоби Маскав,ки яке аз қадимитарин намоишгоҳҳои китоби Аврупо ба шумор меравад, беш аз 600 руйдоди фарҳангӣ ва адабӣ баргузор мешавад.

Ноширони русӣ ва дигар кишварҳои ширкаткунанда,имсол беш аз 100 ҳазор унвон китоб ироа кардаанд.

Нишастҳои ҳамандешӣ, мусобиқаи китобхонӣ, нақд ва баррасии осори ироашуда ва чандин ҳамоиши фарҳангӣ, аз ҷумлаи барномаҳои ҷанбаии намоишгоҳи панҷрӯзаи китоби Маскав хоҳад буд.

Барчасп

Назарҳо