Сентябр 10, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Созмони Милал аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон

Дабири кулли Созмони Милал аз густариши ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Антонио Гутерреш дар гузорише ба Шӯрои амнияти Созмони Милал эълом кард, бо вуҷуди амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон алайҳи гурӯҳи такфирии ДИИШ, ин гурӯҳи террористӣ дар ҳоли эҳё ва афзоиши таҳаррукоти худ дар Афғонистон аст.

Дабири кулли Созмони Милал ҳамчунин бо ишора ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар 28 сентябр аз ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ хост, аз дахолат дар интихобот худдорӣ кунанд.

Ибрози нигаронии дабири кулли Созмони Милал аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносони масоили сиёсии ин кишвар, аз ҷумла Ваҳиди Мужда бар ин боваранд, ки афзоиши ноамнӣ ва густариши ҳузури гурӯҳҳои террористӣ маҳсули ҳузури ҳаждаҳсолаи низомии Амрико дар Афғонистон аст.

 

 

Барчасп

Назарҳо