Сентябр 10, 2019 21:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури раисҷумҳури Афғонистон дар азодории Ошӯрои ҳусайнӣ

Раисҷумҳури Афғонистон барои ширкат дар маросими азодории Ошӯрои ҳусайнӣ дар яке аз масоҷиди ғарби шаҳри Кобул ҳузур ёфт.

Муҳаммад Ашрафғанӣ имрӯз дар ҷамъи азодорони ҳусайнӣ бо арзи таслият ба муносибати солрӯзи шаҳодати имом Ҳусайн (а) ба ҷаҳони Ислом ва мардуми мусулмони Афғонистон гуфт, таҷлил аз Ошӯрои ҳусайнӣ нуқтаи иттиҳод ва вифоқи миллӣ дар ин кишвар аст.

Вай афзуд, наҳзати Ошӯро мазҳари озодиву озодагӣ ва мактаби раҳоибахш дар баробари зулм, ситам, беадолатӣ ва истибдод аст.

Раисҷумҳури Афғонистон таъкид кард, ҳукумат мутааҳҳид ба дифоъ аз ҳарими Ошӯро мебошад ва аз шаҳрвандони кишвар низ хост то аз ин рӯйдоди бузург ва таърихӣ ба гунае таҷлил кунанд, ки мояи ваҳдат ва иттиҳод дар байни мардуми мусулмони Афғонистон шавад.

Ҳамзамон бо баргузории ойинҳои азодории Ошӯрои ҳусайнӣ дар Кобул, тадобири бисёр шадиди амниятӣ дар манотиқи мухталиф ин кишвар, ба вижа дар масоҷид ва ҳусайнияҳои ғарби Кобул рӯйи даст гирифта шудааст.

 

Назарҳо