Сентябр 11, 2019 13:58 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои барканории Болтон

Саранҷом пас аз ҳафтаҳо гумоназании расонаҳо дар мавриди ихтилофи назар миёни раисҷумҳури Амрико ва мушовири амнияти миллии вай , Доналд Трамп, Ҷон Болтонро барканор кард.

Доналд Трамп дар тветте навишт: « Дишб ба Ҷон Болтон иттилоъ додам, ки дигар ба ҳузури ӯ дар Кохи сафед ниёзе нест. Ман ва дигар аъзои давлат бо бисёре аз пешниҳодоти ӯ шадидан мухолиф будем, ба ҳамин далел аз ӯ хостам истеъфояшро тақдим кунад, ӯ ҳам субҳ ин корро кард. Аз хадамоти ӯ бисёр мамнунам. Ҳафта оянда як мушовири амнияти миллии тоза муаррифӣ мекунам.»

Бо ин тасмим, яке аз ҷанҷолитарин ва ҷангталабтарин давлатмардони Амрико дар солҳои ахир аз Кохи сафед ихроҷ шуд.

 Болтон севумин мушовири амнияти миллии Трамп тайи дуву ним соли гузашта буд.

 Вай аз замоне, ки вориди Кохи сафед шуд, сиёсати хориҷии Амрикоро ба шакли бесобиқае алайҳи куллияи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ ва ҳамчунин ағлаби кишварҳои ҷаҳон сафарбар кард.

 Тарғиби раисҷумҳури Амрико барои хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон яке аз ҷанҷолитарин тасмимҳои Болтон дар мақоми мушовири амнияти миллии Трамп буд.

 Бо ин иқдом, на фақат Амрико дар танҳоии сиёсӣ фурӯ рафт, балки Эрон бо дар пеш гирифтани сиёсати сабру муқовимат дар баробари фишори ҳаддиаксарии Амрико, нокоромадӣ ва шикасти рӯйкарди таҳоҷумии давлати Трампро намоён кард.

 Албатта дардисарҳои Болтон барои сиёсати хориҷии давлати Трамп фақат мухтас ба Эрон ва тавофуқи БарҶом набуд. Болтон аз солҳо пеш мавзеъҳои ифротӣ дар зиддият бо ниҳодҳои байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллал дошт.

 Вай дар замони мушовири амнияти миллии Трамп будан, давлати Амрикоро беш аз ҳар замони дигаре ба ҷиҳатгирӣ алайҳи созмонҳои байналмиллалӣ, бавежа Созмони миллал тела дод; То ҷое, ки мавозеъи вай дар баробари додгоҳи байналмиллалии ҷиноӣ, навъе эълони ҷанг алайҳи низоми ҳуқуқи байналмиллалӣ ва ҳуқуқи башар қаламдод шуд.

 Болтон ҳамчунин дар бурузи буҳрони вахим дар равобити Вашингтон - Каракас ва муаррифии Хуан Говайдо ба унвони раисҷумҳури муваққати Венесуэла нақш дошт ва мушовираҳояш дар иртибот бо Кореяи шимолӣ, Чин ва Русия беҳосил монд.

 Маҷмӯъи ин мавридҳо мӯҷиб шуд саранҷом Трамп барои пешгирӣ аз вахомати авзоъ дар сиёсати хориҷӣ ва амниятии давлати худ, Болтонро аз Кохи сафед ихроҷ кунад.

Гуфта мешавад моҷарои даъвати пинҳонӣ аз сарони Толибон ба Камп Дэвэд, иқоматгоҳи тобистонии раёсатиҷумҳурии Амрико, ки ба як расвоии сиёсӣ барои Трамп дар рӯзҳои гузашта мунҷар шуд, тири халосро ба Болтон ворид кард.

Кейтлин Коллинз-хабарнигори CNN дар Кохи сафед дар ҳисоби тветтери худ навишт: Ду манбаъи огоҳ ба ман хабар доданд раисҷумҳур Трамп ва Ҷон Болтон-мушовири амнияти миллии вай шаби гузашта (душанбешаб) бар сари мизбонии саркардагони Толибон дар Камп Дэвэд ба шиддат бо якдигар мушоҷира карданд.

 Ба ҳар ҳол акнун Трамп бояд тайи рӯзҳои оянда, чаҳорумин мушовири амнияти миллии худро муаррифӣ кунад. Ҷудо аз ин, ки чӣ касе бар сандалии Болтон такя хоҳад зад, тағйироти эҳтимолӣ дар сиёсати хориҷӣ ва амниятии давлати Трамп аз аҳамияти бештаре бархурдор аст. Ин мавзӯъ метавонад ҳам бар саҳнаи сиёсати дохилии Амрико дар моҳҳои хатмшаванда ба интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 таъсир гузорад ва ҳам паёмадҳои ҷаҳонӣ дошта бошад; Албатта ба шарти ин, ки Доналд Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико худро аз зери сояи тафаккуроти ҷангталбона ва харобиовари Болтон берун биоварад.

 

Назарҳо