Сентябр 11, 2019 14:04 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор наздики сафорати Амрико дар Кобул

Манобеи хабарӣ бомдоди чоршанбе аз вуқӯи инфиҷор дар наздикии сафорати Амрико дар Кобул, пойтахти Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, инфиҷори рӯйдода аз ҳамлаи ракетае будааст. Ҳанӯз гузорише аз талафоти ин инфиҷор мухобира нашуда ва мақомоти давлатӣ низ ҳеҷ гуна ҷузъиёте дар бораи ин ҳодиса эълом накардаанд.Ҳеҷ шахс ё гурӯҳе низ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифт.

Ин инфиҷор дар ҳоле сурат гирифт, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ин ҳафта эълом кард, ки қарор буда намояндагони "Толибон" барои ниҳоӣ кардани тавофуқи сулҳ ба Кэмп-Дэвид рафта ва бо ӯ дидор кунад, аммо ӯ ба далели бомбгузории ҳафтаи гузашта дар Кобул ин музокиротро лағв кардааст.

 

Барчасп

Назарҳо