• Туркия: Қирғизистон ниҳодҳои вобаста ба Гуленро таътил кунад

Вазири умури хориҷаи Туркия аз пуштибонии бархе кишварҳо аз кудатои Туркия хабар дод ва аз давлати Қирғизистон низ хост, алайҳи ҳомиёни раҳбари ҷунбиши мухолифон Фатҳуллоҳ Гулен иқдом кунад.

Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт: Агар иртиботи давлати Қирғизистон бо созмонҳои муртабит бо Фатҳуллоҳ Гулен мутаваққиф нашавад, Анкара дар равобити худ бо Бишкек таҷдиди назар мекунад.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Мавлуд Човуш Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия аз давлати Қирғизистон хост, алайҳи ҳомиёни раҳбари ҷунбиши мухолифон Фатҳуллоҳ Гулен иқдом кунад.

Ба гуфтаи коршиносон, фаъолияти тарафдорони Гулен дар Қирғизистон бисёр густарда аст батавре, ки дар ин кишвар расман муассисоти омӯзишӣ аз ҷумла коллеҷи мавсум ба Сабат ва донишгоҳи Ататурк вобаста ба Гулен фаъол ҳастанд.

Давлат ва Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон токунун посухе ба ин изҳорот надодаанд.

Вазири умури хориҷаи Туркия ҳамчунин аз пуштибонии бархе кишварҳо аз кудатои Туркия хабар дод ва афзуд: Бо ин ҳол бархе кишварҳо монанди Сумолӣ, Кипр ва Озарбойҷон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ин хусус эълом кардава ҳаргуна фаъолияти созмонҳоимуртабит бо Гулен дар кишвари худро мамнуъ кардаанд.

16-и июл дар Туркия талош барои анҷоми як кудатои низомӣ шакл гирифт, ки давлати ин кишвар тавонист низомиёнро саркуб кунад.

Раисҷумҳури Туркия Фатҳуллоҳ Гуленро масъули ин шӯришҳо қаламдод кард .

Барчасп

Июл 25, 2016 12:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо