Қисмати 811 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 7-11

7

وَحِفْظًا مِّن کُلِّ شَیْطَانٍ مَّارِدٍ

Ва "Онро" аз ҳар шайтони саркаше маҳфуз доштем.

 

8

 

لَّا یَسَّمَّعُونَ إِلَى الْمَلَإِ الْأَعْلَى وَیُقْذَفُونَ مِن کُلِّ جَانِبٍ

 

Онҳо наметавонанд ба "Исрори" олами боло гӯш фаро диҳанд ва аз ҳар сӯ ҳадаф қарор мегиранд.

 

9

 

دُحُورًا  وَلَهُمْ عَذَابٌ وَاصِبٌ

То дур шаванд ва барои онон азоби ҳамешагӣ аст.

 

10

 

إِلَّا مَنْ خَطِفَ الْخَطْفَةَ فَأَتْبَعَهُ شِهَابٌ ثَاقِبٌ

Магар касе, ки ба суръат чизе бирабояд, ки шиҳоби "Ситора" нофиз ӯро дунбол мекунад.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки Худованд ситорагони осмонро мояи зинати он қарор дода ва сокинони замин аз зебоии ситорагони осмон баҳра мебаранд, ин оятҳо ба ҷанбаи дигар аз осмон, ки ғайри зоҳирӣ ва ғайри модӣ аст, ишора карда ва мефармояд: шаётин қасди нуфуз ба ҳарими фариштагони осмонҳоро доранд то сухани ононро дуздона бишнаванд ва бархилофи мақосиди онҳо амал кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки иттилоот ва ахбори аҳли замин дар ихтиёри фариштагони олами боло қарор дорад, ки дар он бо якдигар гуфтугӯ мекунанд ва шайтонҳо ба дунболи он ҳастанд, ки ба исрори олами ғайб даст ёбанд, аммо ҳаргоҳ ба ин ҳарим наздик шаванд, ҳадаф қарор мегиранд то ронда шаванд.

Гуйё ин оятҳо ба башар башорат медиҳанд, ки Худованд иҷоза надодааст афроди саркаш аз ҷин, ки мо онҳоро шайтон мехонем, ба қароргоҳи тадбир ва идораи олам, ки фариштагон коргузорони он ҳастанд, наздик шуда ва истиқрори самъ кунанд ё дар кори онон ихлол эҷод кунанд.

Идомаи оятҳо мефармояд: ҳатто агар бархе шайтонҳо битавонанд аз мавонеъ бигзаранд ва ба қароргоҳи фариштагон низдик шаван ва хабаре бирабоянд, маврди ҳадаф қарор гирифта ва аз миён мераванд, мушобеҳи ин матлаб дар оятҳои 17 ва 18 сураи Ҳаҷр ва ояти 5 сураи Мулк  низ омадааст.

Ин, ки бо таваҷҷуҳ бо зоҳири ин оятҳо, Қуръон ба амри махсус ва қобили мушоҳида ишора дорад, ё таобири ба кор бурдашуда дар оятҳо, тамсилӣ ва ташбиҳӣ аст, масалае аст, ки дар мавриди он баҳс шудааст, зеро мавориди дигаре мушобиҳи ин оятҳо дар Қуръон омада ва умуми муфасирон бар ин ақидаанд, ки манзури Худованд, зоҳири алфоз нест, ки ба умури маҳсус ишора доранд, аз назари муфасирон, ин алфоз, навъе монанд маъқул ба маҳсус аст, монанди ҷодаҳои лавҳ, қалам, арш ва курси.

Бадеҳи аст, ки ин алфозро наметавон бар маънои модӣ ва зоҳирии онҳо татбиқ кард, ба илова , Худованд дар ҷойи дигаре фармудааст: бахше аз ончӣ нозил кардаем, масалҳое аст, ки ҷуз олимон дарк намекунанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Дар олами боло ва назди фариштагон асроре аст, ки шаётин ба дунболи дастбурд задан ба онҳо ҳастанд, аммо Худованд иҷозаи чунин кореро ба онҳо надодааст.

 

2 – Истироқи самъ аз сухани дигарон, кори шаётине аст ва дар фарҳанги Қуръонӣ мавриди мазаммат қарор гирифтааст.

 

3 – Бояд бо касоне, ки ба фикри огоҳӣ аз розҳо ва исрори мардум ва ифшои он дар ҷиҳати манофеи худ ҳастанд, бархурд шаванд.

 

 

11

 

فَاسْتَفْتِهِمْ أَهُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَم مَّنْ خَلَقْنَا إِنَّا خَلَقْنَاهُم مِّن طِینٍ لَّازِبٍ

 

Пас аз онон бипурс: оё онҳо дар офариниш сахтаранд, ё онон, ки мо "Дар осмонҳо ва замин" офаридем? Мо ононро аз гили часпанда офаридем.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки дар сураи Софот, бар мабоҳиси эътиқоди назири мабдаъ ва маод, таъкиди зиёд шудааст, ин оят хитоб ба Паёмбари Акрам (с) мефармояд: аз мункирони миод бипурсед: чигуна дар қудрати илоҳӣ бар офариниши дубораи инсон шак карда ва онро инкор мекунанд? Оё офариниши дубораи онҳо дар рӯзи қиёмат сахтар аст ё офариниши осмонҳои боазамат? Онҳо аз об ва хок офарида шудаанд, чӣ инсони аввалия, ки мустақиман аз таркиби об ва хок офарида шуд ва чӣ инсонҳои мавҷуд, ки тағзияи онҳо аз об ва хок аст, ҳамаги пас аз марг ба чархаи ҳамин хок бармегарданд ва аз байн намераванд.

Имрӯза аз назари илмӣ собит шудааст, ки хусусиёти ҷисми инсонҳо дар тактаки зарроти онҳо вуҷуд дорад ва молеукулаи "Ди ин ий" ҳар инсоне, ҳамонанди асари ангушти ӯ, мутафовит аз дигарон аст, пас кофи аст зарраҳое аз ҳар инсони боқӣ бимонад ва Худованд дар қиёмат, он зарраро дар дили ҳамин хок рушд дода ва бори дигар фарди монанди инсони имрӯз биёфаринад.

Дар низоми дунё, як сперма, ки зарраи бисёр кучак ва ночиз аст, дар раҳими модар рушд карда ва пас аз 9 моҳ навзоди комил ба дунё меояд, дар қиёмат низ, монанди равиши гиёҳон дар замин, ҳамон зарраи ночиз дар раҳими замин рушд карда ва иинсони комил аз дили хок берун меояд, оё воқеан чунин амри маҳол ва нашуданӣ аст?

 

Аз ин оят меомӯзем:

 

1 – Саввол аз мункирон, роҳе барои бедор кардани виҷдонҳои хуфтаи онҳост, дар низоми омӯзиш ва тарбият, дар хеле аз маворид, метавон ба ҷойи илқои мустақими матолиб, аз шеваи саввол ва муқоиса истифода кард.

 

2 – Маншаи бархе тардидҳо ва инкорҳо дар бораи ояндаи инсон ва таҷдиди ҳаёти ӯ дар қиёмат, ношӣ аз фаромӯш кардани офариниши инсон дар гузашта аст.

 

 

 

 

 

 

 

 

Июл 23, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо