Қисмати 812 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 12-21

12

 

بَلْ عَجِبْتَ وَیَسْخَرُونَ

Балки ту "Аз ин корашон" тааҷуб мекуни ва онҳо "Туро" масхара мекунанд.

 

13

 وَإِذَا ذُکِّرُوا لَا یَذْکُرُونَ

 

Ва ҳаргоҳ андарз дода шаванд, панд намегиранд.

 

14

 

وَإِذَا رَأَوْا آیَةً یَسْتَسْخِرُونَ

 

Ва ҳаргоҳ муъҷизае бубинанд онро масхара мекунанд "Ва дигаронро низ ба истиҳзо даъват мекунанд.

 

15

 «وَقَالُوا إِنْ هَـذَا إِلَّا سِحْرٌ مُّبِینٌ»        

 

Ва мегуянд: ин ҷуз ҷодувӣ ошкор нест.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки кофирон, қиёматро инкор мекунанд, ин оятҳо хитоб ба расули Худо (с)  мефармояд: онҳо на танҳо қиёматро инкор мекунанд, балки онро масхара карда ва василае барои истиҳзои ту қарор медиҳанд, аммо ту, ки ба қиёмат яқини комил дори, аз инкор ва тамасхури онҳо тааҷуб мекуни, ки чигуна амреро, ки дар мавриди он огоҳи надоранд, бе далил инкор мекунанд, кош лоақал сукут кунанд ва бигуянд: намедонем, ки қиёмат воқеъ мешавад ё на?

Идомаи оятҳо мефармояд: далили ин инкори онҳо, ҷаҳл нест, балки инод ва лаҷоҷат аст, лизо ҳар вақт ин мавзӯъ матраҳ мешавад, онҳо агар муъҷизаеро ҳам бубинанд, ҳозир ба пазириши он нестанд, балки дигаронро низ ба тамасхури паёмбари Худо  (с) даъват мекунанд ва барои фиреби онон мегуянд: ин ҳамон корҳои ҷодугарон аст

Дар ҳоле, ки тафовути муъҷиза бо ҷоду равшан аст, ҷодугар солҳо тамрин ва муморасат мекунад то кореро анҷом диҳад, дар ҳоле, ки Паёмбари Худо, (с) бидуни ҳаргуна омӯзиш ё тамрине, фақат бо иҷоза ва иродаи Парвардигор, муъҷиза ва кори хориқулодаеро анҷом медиҳанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Агар дил омодагии пазириши ҳақро надошта бошад, ҳатто сухани беҳтарини афрод низ дар инсон таъсиргузор нест.

 

2 – Тамасхур, яке аз шеваҳои мухолифони ҳақ аст, ки дусдорони ҳақ набояд аз он битарсанд ва майдонро холӣ кунанд

 

3 – Мушрикон, дар воқеъ ба хориқулода будани Қуръон иқрор доштанд, аммо онро сиҳр ва ҷоду мехонданд.

 

16

 

أَإِذَا مِتْنَا وَکُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ

 

Оё чун мурдем ва хок ва устухон шудем, "Дубора" барангехта мешавем?

 

17

أَوَآبَاؤُنَا الْأَوَّلُونَ

 

Ва оё падарони нахустини мо "Низ барангехта мешаванд"?

 

18

 قُلْ نَعَمْ وَأَنتُمْ دَاخِرُونَ

 

Бигу: оре "Ҳамагӣ барангехта мешавед" дар ҳоле, ки хор ва кучак ҳастед.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ин оятҳо гуфтугӯйи мункирони маод бо расули Худо (с) ро баён мекунанд, ҷолиб аст, ки дар оятҳо низ, онҳо далиле бар адами имкони маод намеоваранд ва фақат истибъод ва тааҷуби худро баён мекунанд, лизо бо ҳолати нобоварона аз паёмбарон мепурсанд магар мешавад мурдагоне, ки ҷасадашон пусида ва ба хок табдил шуда, дар қиёмат дубора зинда шаванд? Ба хусус ниёгони мо, ки даҳҳо ва садҳо сол аз мавқеи маргашон гузашта ва дигар асаре аз онҳо боқӣ намондааст, агар гурашонро ҳам бишкофем, чизе ҷуз хок дар он намебинем.

Ин савволҳо ба таври табии барои ҳамаи инсонҳо матраҳ аст, аммо муъминон ба қудррати бепойёни Худованд имон доранд ва медонанд, ки Худованд, қодир аст дубора мурдагонро аз хок биёфаринад.

Онон хабари паёмбарон ва китобҳои осмонӣ дар бораи вуқуи қиёмат ва зинда шудани мурдагонро қабул доранд, аммо касоне, ки ба Худо ва фариштагон имон надоранд, барои онҳо пазириши чунин амри сахт ва номумкин аст.

 

Аз иноятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Мункирони маод, мантиқ ва истидлоли маҳкаме надоранд ва ба ҷойи истидлол фақат истибъод мекунанд.

 

2 – Савволот ва шубаҳот гарчӣ аз рӯйи адами садоқат ва сӯйи ният бошад, бояд бо сароҳат ва долоили равшан посух дода шавад.

 

3 – Лаҷоҷат ва инод бо ҳақ, мойяи зиллат ва хорӣ дар охират аст.

 

19

 

فَإِنَّمَا هِیَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ فَإِذَا هُمْ یَنظُرُونَ

Ҳамоно он як сайҳае аст, пас ба ногоҳ онҳо "Бармехезанд ва" менигаранд.

 

20

 

وَقَالُوا یَا وَیْلَنَا هَـذَا یَوْمُ الدِّینِ

Ва мегуянд: вой бар мо, ин рӯзи ҷазост.

 

21

 هَذَا یَوْمُ الْفَصْلِ الَّذِی کُنتُم بِهِ تُکَذِّبُونَ       

 

Ин ҳамон рӯзи ҷудойи "Ҳақ аз ботил" аст, ки онро такзиб мекардед.

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ин оятҳо ба қудрати Худованд дар зинда кардани мурдагон ишора карда ва мефармояд: гумон накунед қарор аст дар қиёмат миллиордҳо инсоне, ки дар тули таърих мурдаанд, як ба як ё гурӯҳ – гурӯҳ зинда шаванд, балки бо як сайҳаи осмонӣ, ки баёнгари иродаи илоҳӣ аст, ҳамаи мурдагон якбора аз хок бармехезанд ва ба атроф менигаранд.

Табии аст ҳангоме, ки кофирон зинда шудани ҳамаи инсонҳоро дар як замон, он ҳам бадин шакл мебинанд, он, чиро дар дунё инкор мекарданд, иқрор мекунанд ва мегуянд: ин ҳамон чизе аст, ки мо инкор мекардем, вой бар мо имрӯз чӣ кунем? Бо мо чигуна бархурд хоҳад шуд?

Дар баробари ин иқрор, фариштагони илоҳӣ низ таъкид мекунанд, ки имрӯз, рӯзи ҷудойи ҳақ аз ботил ва аҳли имон аз кофирон ва мункирон аст, рӯзи ҷудо шудани некон аз бадон ва рӯзи доварии Худованд дар миёни бандагон аст.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем, ки:

 

1 – Пайдоиши қиёмат ва зинда шудани мурдагон, амри ногаҳонӣ аст, на тадриҷӣ ва замонбар.

 

2 – Мушрикон дар қиёмат мутаҳайир ва мабҳут мешаванд ва назорагари сарнавишти бади худ ҳастанд.

 

3 – Қиёмат рӯзи ҳасрат ва пушаймони аст, кушиш кунем дар дунё роҳеро интихоб кунем, ки дар қиёмат дучори ҳасрат нашавем, зеро пушаймони дар он рӯз ҳеҷ суде надорад.

 

 

Июл 23, 2018 10:18 Asia/Dushanbe
Назарҳо