Қисмати 813 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 22-30

22

 

احْشُرُوا الَّذِینَ ظَلَمُوا وَأَزْوَاجَهُمْ وَمَا کَانُوا یَعْبُدُونَ

 

"Худованд ба фариштагон дастур медиҳад" касонеро, ки ситам кардаанд ва ҳамрадифонашон ва ончиро ҷуз Худо мепарастиданд, гирд оваред.

 

 23

مِن دُونِ اللَّـهِ فَاهْدُوهُمْ إِلَى صِرَاطِ الْجَحِیمِ

 

Аз ғайри Худо, пас ҳамаро ба роҳи ҷаҳаннам роҳнамои кунед.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки дузахиён бо дидани оташи дузах, аз гузаштаи худ пушаймон шуда ва худро мазаммат мекунанд ва нола  ва фарёд бармеоваранд, ки эй вой бар мо, ки чунин рӯзеро такзиб мекардем.

Ин оятҳо мефармояд: дар он рӯз Худованд ба фариштагоне, ки маъмури дузах ҳастанд, фармон медиҳанд, ки кофирон ва золимон ва маъбудон онҳоро аз миёни дигарон ҷудо созанд ва ба сӯйи дузах куч диҳанд.

Табиатан зулм дорои анвоъ ва ақсом аст, дар фарҳанги Қуръон, калимаи зулм илова бар мафҳуми иҷтимоии он, ки зулм ба дигарон аст, ба зулм ба худ низ итлоқ шудааст, ширк ба Худо низ аз масодиқи зулми азим аст.

Ҳузури маъбудҳо дар дузах низ шоҳид аз ду ҷиҳат бошад: яке он, ки бархе маъбудҳо чун тоғутҳо ва ҳокимони куфр ва зулм, инсонҳое буданд, ки ба ҷойи Худо, мавриди итоат ё парастиш қарор мегирифтанд, дигар он, ки маҳшур шудани инсон бо маъбудҳои беҷон чун бутҳои сангӣ ва чубӣ, худ сойяи таҳқир ва сарзаниши ӯст.

Идомаи оятҳо мефармояд: онҳо ба роҳи дузах роҳнамои мешаванд, ки ин таъбир навъи сарзаниш ва таҳқири инсони золим аст, гуё касе, ки дар дунё ба ихтиёри худ, ба роҳи мустақими илоҳӣ дарнаёяд, дар қиёмат ба роҳи дузах ҳидоят мешавад, он ҳам ба ихтиёр!

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар қиёмат ҳар кас бо ҳамфикри ва маҳбуби хеш маҳшур ва ҳамроҳ мешавад ва агар чунончӣ маъбуди ӯ санг ва чуб низ бошад, бо он маҳшур мешавад.

2 – Ҳеч кас ва ҳеч чиз наметавонад дар охират мушкилкушои инсон ва наҷотдиҳандаи ӯ аз дузах бошад.

 

 

24

 

وَقِفُوهُمْ إِنَّهُم مَّسْئُولُونَ

 

Онҳоро нигаҳ доред, ки мавриди бозхост қарор мегиранд.

 

25

 

مَا لَکُمْ لَا تَنَاصَرُونَ                                                  

Шуморо чӣ шудааст, ки якдигарро ёрӣ намекунед?

 

26

 

بَلْ هُمُ الْیَوْمَ مُسْتَسْلِمُونَ                                             

 

Балки онон имрӯз таслими "Қудрати Худо" ҳастанд.

Дар оятҳои қабл хондем, ки фариштагон, маъмури ҷамъоварӣ ва ҳидояти золимон ба сӯйи дузах ҳастанд, ин оятҳо мефармояд: ба фариштагон хитоб мешавад, ки золимонро нигаҳ доранд, зеро онҳо пеш аз вуруд ба дузах бояд ба як сари суолот посуз диҳанд, гарчӣ посухи ин савволҳо равшан аст ва чизе аз Худо махфӣ нест, ки бо ин саввол ва ҷавобҳо ошкор шавад, ба ҳар ҳол, муҳимтарин фоидаи ин кор, иқрори муҷримон ба гуноҳони худ аст, ки ҳамнавъи сарзаниш аст ва ҳам итмоми ҳуҷҷат барои муҷозоти онҳо.

Дар идомаи саволҳо аз ақоид ва аъмоли золимон, аз онон пурсида мешавад, ки чаро аз ҷамъияти анбуҳи ҳамфикрон ва дустони худ кумак намегиред? Шумо, ки дар дунё дар мушкилот ба онҳо паноҳ мебаред, чаро дар инҷо аз онҳо ёрӣ наметалабед?

Онҳо эътироф мекунанд, ки на қудратмандон ва сарватмандон  метавонанд ба онҳо кумак кунанд "Чун,ки худ гирифторанд" ва на ҳамрадифон ва ҳамкоронашон тавони ёрӣ ва кумаки онҳоро доранд, зеро ҳама таслими қудрати мутлақи Худованд ҳастанд ва наметавонанд дар баробари иродаи Ӯ коре анҷом диҳанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем,ки:

 

1 – Дар қиёмат мавриди саввол ва бозхост қарор мегирем, саввол аз умр ва ҷавонӣ, афкор ва ақоид, аъмол ва рафтор ва ғайра.

 

2 – Туғёнгарон ва гарданкашон, дар қиёмат ҳама таслими маҳзи фармони Худованд ҳастанд.

 

3 – Бар хилофи дунё, дар қиёмат муҷримон наметавонанд якдигарро ёрӣ ва кумак кунанд.

 

27

 

وَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ یَتَسَاءَلُونَ

 

Ва баъзе аз онон рӯ ба баъзе дигар карда аз якдигар мепурсанд.

 

28

 

قَالُوا إِنَّکُمْ کُنتُمْ تَأْتُونَنَا عَنِ الْیَمِینِ

 

Мегуянд: бешак шумо "Будед, ки ба зоҳир" аз роҳи хайрхоҳӣ ба сӯйи мо меомадед.

 

29

 

قَالُوا بَل لَّمْ تَکُونُوا مُؤْمِنِینَ

Онҳо "Дар посух" мегуянд: балки шумо худ аҳли имон набудед.

 

30

 

 وَمَا کَانَ لَنَا عَلَیْکُم مِّن سُلْطَانٍ بَلْ کُنتُمْ قَوْمًا طَاغِینَ

 

Ва моро бар шумо ҳеч султае набуд, балки шумо худ мардуми туғёнгар будед.

 

Ин оятҳо яке аз саҳнаҳои қиёматро ба тасвир мекашад, ки пешвоён ва пайравони гумроҳ якдигарро муқасири шарманда ва якдигарро мавриди саввол ва бозхост қарор медиҳанд, ибтидо пайравон мегуянд: шумо будед, ки аз дари хайрхоҳӣ ва дустӣ ворид шудед ва моро бо савганд ва исрор ба ин роҳ кашондед. Агар шумо набудед мо ин чунин гирифтор намешудем.

Аммо посухе, ки пешвоён ба ин пайравони фиребхурда медиҳанд, ин аст, ки шумо худатон аҳли имон набудед, вагарна ба ҷойи паёмбарон ва китобҳои осмонӣ, ба суроғи мо намеомадед ва сухани моро намепазируфтед, пас худатонро маломат кунед, зеро мо шуморо ба зур ва иҷбор ба ин роҳ наёвардем, шумо ба далили бади туғёнгарӣ ва таҷовуз аз ҳақ дар вуҷуди худатон, дунболарави мо шудед.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар қиёмат, он даста аз муҷримоне, ки пайравӣ сардамадорони куфр ва ширк буданд, мехоҳанд гуноҳи худро ба гардани паешвоёни гумроҳи ҷомеа бияндозанд то худро табарна кунанд, аммо чунин тавҷиҳе пазируфта нест.

 

2 – Сардамадорони куфр ва ширк, бо тазоҳур ба хайрхоҳӣ, мардумро фиреб медиҳанд ва онҳоро мунҳариф ва гумроҳ мекунанд.

 

3 – Авомили пайравӣ ва муҳитӣ, инсонро маҷбур ба анҷоми гуноҳ намекунад, балки инҳирофи дарунӣ ва ирода ва ихтиёри худи фард аст, ки ӯро ба ҳамроҳи бо муҷримон ва хатокорон суқ медиҳад.

 

 

 

Июл 26, 2018 08:00 Asia/Dushanbe
Назарҳо