Қисмати 814 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 31-38

31

 

فَحَقَّ عَلَیْنَا قَوْلُ رَبِّنَا إِنَّا لَذَائِقُونَ                                

 

Пас ваъдаи Парвардигорамон бар мо муҳақиқ шуд ва бидуни шак мо "Азобро" мечашем.

 

32

 

فَأَغْوَیْنَاکُمْ إِنَّا کُنَّا غَاوِینَ                                            

 

Мо шуморо гумроҳ кардем, зеро худ низ гумроҳ будем.

 

33

 

فَإِنَّهُمْ یَوْمَئِذٍ فِی الْعَذَابِ مُشْتَرِکُونَ                               

 

Пас онон дар он рӯз дар азоби "Илоҳӣ" муштараканд.

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки рӯзи қиёмат, касоне, ки гумроҳ шуданд, гуноҳи худро ба гардани сармадорони куфр ва пешвоёни гумроҳи ҷомеа андохта ва мегуянд онҳо моро ба инҳироф кашонданд, аммо онҳо посух медиҳанд, ки шумо худ ба дунболи инҳироф будед ва ба далили бади туғёнгарӣ ва таҷовуз аз ҳақ, дунболаравии мо шудед.

На он,ки шуморо ба зур ва иҷбор гумроҳ карда бошем, мо худамон гумроҳ будем ва шуморо низ, ки ба дунболи мо омадед, аз роҳ мунҳариф кардем.

Ин оятҳо мефармояд: паешвоён ва пайравони гумроҳ, ба ин натиҷа мерасанд, ки ин гуна низоъҳо ва гуфтугуҳо дар қиёмат ҳеч фоидае надорад, зеро фармони илоҳӣ дар бораи азоби онҳо содир шуда ва онҳо ба зудӣ азобро хоҳанд чашид, онҳо ҳамаги дар ин акайфари илоҳӣ муштараканд ва ҷойгоҳи онҳо дузах аст, албатта табии аст, ки дараҷот ва маротиби онҳо мутафовит аст, ҳар кас ба мизони гуноҳ ва таъсираш дар гумроҳии дигарон кайфар мебинад ва кайфари гунаҳкорон яксон нест.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар қиёмат, гунаҳкорон ба ваъдаи азобе, ки паёмбарон "Дар дунё" эълом кардаанд, эхтироф мекунанд, аммо ин эътироф суде ба ҳоли онҳо надорад.

 

2 – Ҳамнишинӣ ва ҳамгумроҳи бо гумроҳон, заминаи гумроҳии инсонро фароҳам мекунад ва муҷиби ҳамнишинӣ бо онон дар дузах мешавад.

 

3 – Пазириши афроди фосид ба унвони паешвоёни ҷомеа ва пайравӣ аз онҳо, муҷиби тақвияти золимон ва гумроҳон ва натиҷаи мушорикати мардум дар азоби онҳо мешавад.

 

34

 

إِنَّا کَذَلِکَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِینَ                                     

 

Мо бо муҷримон ингуна рафтор мекунем.

 

35

ِانَّهُمْ کَانُوا إِذَا قِیلَ لَهُمْ لَا إِلَـهَ إِلَّا اللَّـهُ یَسْتَکْبِرُونَ              

 

"Зеро" онон чунин буданд, ки ҳаргоҳ ба онҳо гуфта мешуд, маъбуде ҷуз Худои ягона нест, такаббур меварзиданд.

 

Ин оятҳо ба сунати илоҳӣ дар бархурд бо гунаҳкорон ва муҷримон ишора карда ва мефармояд: ҳангоме, ки паёмбарон мардумро ба тавҳид  ва парастиши Худои ягона даъват мекарданд, идае такаббур меварзиданд ва ҳозир набуданд ба сухани онҳо гӯш диҳанд ё дар бораи он таамул ва тафаккур кунанд, чунин афрод аз рӯйи инод ва лаҷоҷат, роҳи куфр ва ширкро дар пеш гирифта ва дар қиёмат кайфари сахт доранд.

Ин такаббур ва лаҷоҷат дар баробари ҳақ, гоҳе аз рӯйи худбартарбинӣ ва ношӣ аз мол ва мақом ё ном ва унвон аст, гоҳ низ аз рӯйи тқлиди нобаҷо аз ниёгон ё пешвоёни ҷомеа ва таассуб бар афкор ва ақоиди онон аст. Дар ҳар сурат, ин монеи бузург дар баробари шунидани ҳақ ва пазируфтани он аст.

Такаббур дар баробари ҳақ, корро ба ҷойе мерасонад, ки фарди мутакаббир на танҳо ҳақро инкор меунад, балки гуяндаашро мавриди тамасхур ва таҳқир қарор дода ва ба ӯ нисбати нораво медиҳад.

 

Аз иноятҳо меомӯзем:

 

1 – Ваъдаҳои илоҳӣ дар дунё ва охират таҳақуқ ёфтанӣ аст ва ҳаргиз тахаллуф дар он роҳ надорад.

 

2 – Решаи гуноҳ ва ҷурм ва инҳироф, такаббур варзидан дар баробари тавҳид ва ҳақ ва ростӣ аст.

 

3 – Паёмбарон, мардумро ба сӯйи Худои ягона мехонанд, на худ, онҳо дар ин даъват, ҳеч нафъ ва фоидае барои худ дар назар намегирифтанд ва дар айни ҳол, ҳамвора мавриди озор ва туҳмати мухолифон буданд.

 

36

 

 وَیَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِکُو آلِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجْنُونٍ

 

Ва "Мушрикон" мегуфтанд: оё Худоёни худро ба хотири шоъири девона раҳо кунем?

 

37

بَلْ جاءَ بِالْحَقِّ وَ صَدَّقَ الْمُرْسَلِينَ

 

"Ҳаргиз чунин нест!" балки ӯ ҳақро оварда ва паёмбарони "Пешин" – ро тасдиқ кардааст.

 

 

38

 

إِنَّکُمْ لَذَائِقُو الْعَذَابِ الْأَلِیمِ                                  

 

Бетардид, шумо азоби дардноки "Илоҳӣ" – ро хоҳед чашид.

 

Ин оятҳо ба тавҷиҳоти мушрикон барои радди даъвати паёмбарон ишора карда ва мефармояд: онҳо паёмбаронро мутаҳам мекарданд, ки суханонашон ҳамчун шоирон бар пойяи хаёл ва эҳсос аст, на фикр ва мантиқ, ба илова, мегуфтанд паёмбарон шеър ва шоириро таҳти таъсири ҷин омӯхта ва аз худ чизе надоранд, дар таърих омада, ки мардуми ҷазиратулараб муътақид буданд шоирон ба воситаи иртибот бо ҷин, фани шеърро меомӯзанд ва метавонанд чунин ашъори зебоеро бисароянд.

 

Аз иин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Таасуб бар афкор ва ақоиди нодурӯст ва хурофӣ, монеи ҳақпазирии инсон мешавад.

 

2 – Туҳмат ва таҳқир аз абзорҳои мункирон барои ҷилавгирӣ аз густариши даъвати паёмбарон аст.

 

3 – Таолими ҳамаи паёмбарон дар як ростост, ҳамаи онҳо мардумро ба тавҳид ва парастиши Худои ягона даъват мекунанд.

 

 

 

Август 12, 2018 09:13 Asia/Dushanbe
Назарҳо