Қисмати 815 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 39-49

39

 

وَمَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا کُنتُمْ تَعْمَلُونَ                                

 

Ва ҷуз ончӣ анҷом медодед, кайфар намебинед.

 

Дар оятҳои қабл ба туҳматҳои мушрикон ва кофирон ба паёмбар  (с) ва ҳамчунин кайфари сахти онон дар қиёмат ишора шуд, ин оятҳо мефармояд: азоби Худо нисбат ба муҷримон, аз рӯйи кина ва интиқом ё ташаффи хотир нест, балки натиҷаи қаҳри корҳои худи ин афрод дар дунёст.

Бар асоси матуни динӣ, афкор ва гуфтор ва рафтори инсон дар рӯҳи ӯ таъсиргузор аст ва шахсияти воқеии ӯро месозад, дар низоми ухравӣ, мабнои кайфар ва подош, шахсияти сохташудаи инсон дар дунёст, ки ба шакли мутаносиб бо он низом таҷассум меёбад. Куфр ва инкор, ё зулм ва истикбор, чунон осори мухарраб ва зиёнборе бар рӯҳи инсон мегузорад, ки дар қиёмат ҷуз оташи дузах чизе ба дунбол надорад.

Лозим ба зикр аст, ки ағлаби кайфарҳо ва ҷаримаҳои дунявӣ ба шакли қарордодӣ аст, вале кайфарҳои қиёмат, қарордодӣ нест, ба унвони мисол, сабқати ғайри муҷоз, як ҷаримаи молӣ дорад, ки мизони он дар кишварҳои мухталиф мутафовит аст, аммо сабқати ғайри муҷоз, як натиҷаи қаҳрӣ ҳам дорад ва он хатари тасодуфи бо мошин тарафи муқобил аст, ҷаримаи молӣ, амри қарордодӣ аст, аммо тасодуф, натиҷаи табии ин тахаллуф аст, кайфарҳои қиёмат аз навъ дуввум аст на аввал!

 

Аз ин от меомӯзем:

 

1 – Кайфарҳои илоҳӣ одилона аст, зеро комилан мутаносиб бо асли инсон аст.

2 – Қиёмат, рӯзи зуҳур ва бурӯзи натоиҷи афкор ва рафтори мост ва ончиро дар дунё коштаем, дар онҷо бардошт мекунем.

 

40

 

إِلَّا عِبَادَ اللَّـهِ الْمُخْلَصِینَ                                        

 

Магар бандагони холисшудаи Худо.

 

41

 

أُولَـئِکَ لَهُمْ رِزْقٌ مَّعْلُومٌ

 

Ки барои онон ризқи муайян аст.

 

42

فَوَاکِهُ  وَهُم مُّکْرَمُونَ

 

Анвои меваҳо ва онон мавриди эҳтироманд.

 

43

 

فِی جَنَّاتِ النَّعِیمِ

 

Дар боғҳои пур неъмат.

 

44

 

عَلَى سُرُرٍ مُّتَقَابِلِینَ

 

Дар тахтҳои рӯ ба рӯйи якдигар "Такя задаанд".

 

Ба дунболи гурӯҳи дузахӣ, ки оятҳои қабл тавсиф кард, ин оятҳо ба тавсифи биҳиштиён пардохта ва мефармояд: бандагони холис шудаи илоҳӣ, аз азоби қиёмат ба дуранд, онон дар биҳишт аз анвои неъматҳо бархурдоранд ва дар рифоҳ ва осоиши комил басар мебаранд.

Дар фарҳанги Қуръон калимаи "Мухлис" – ки исми фоил аст, ба касе гуфта мешавад, ки талош дорад корҳои худро холисона барои Худо анҷом  диҳад ва дар масири рушд ва камоли маънавӣ ҳаракат мекунад, аммо калимаи "Мухлас" ба шакли исми мафъул, ба касе гуфта мешавад, ки ба хотири камолоте, ки дорад, аз ҷониби Худованд, холис шуда ва ба авҷи камоли маънавӣ расидааст.

Қуръон дар бораи ҳазрати Юсуф, ки лутф ва ёрии Худованд, худро аз маҳлакаи сахт дар баробари хостаҳои нафсонии як зан наҷот дод, мефамояд: ӯ аз бандагони холисшудаи илоҳӣ аст.

Табии аст то инсон худ нахоҳад, ки холис бошад, Худованд касе, ро ба ин кор маҷбур намекунад, аммо он,ки дар ин масир қадам бигзорад ва ҳамвора муроқиб бошад, ки ҷуз барои Худо коре анҷом надиҳад, Худо низ ӯро дар ин роҳ ёрӣ карда, дасти ӯро мегирад ва ба сӯйи худ мебарад.

Чунин инсонҳое, на танҳо аз кайфар ба дуранд, балки подоши онон низ, фақат маҳдуд ба корҳои нест, ки анҷом додаанд, онҳо ба хотири ниятҳо ва ангезаҳои поке, ки анҷоми баъзе корҳо доштаанд, гарчӣ мувафақ ба анҷоми он корҳо нашуда бошанд, машмули подоши илоҳӣ мешаванд.

 

Аз ин отҳо меомӯзем:

 

1 – Бандагии Худо, заминаи хулус ва покии инсонро аз ҳаргуна ширк ва риё фароҳам мекунад.

2 – Кайфари муҷримон бар мабнои адли илоҳӣ ва мутаносиб бо амали онҳост, аммо подоши инсонҳои пок ва дурусткор, мубтани бар фазли илоҳӣ ва фаротар аз амалкарди онҳост.

 

3 – Дар биҳишт, комёбии модӣ ва маънавӣ дар канори якдигар аст ва ҳар кас аз ризқ маълум ва муаяне бархурдор аст.

 

4 – Дидори авлиёи Худо ва ҳамнишинӣ ва унс ва улфат бо онҳо, яке аз лазатҳои маънавии аҳли биҳишт аст.

 

45

 

یُطَافُ عَلَیْهِم بِکَأْسٍ مِّن مَّعِینٍ

Ва гирдогирди онон ҷоме аз шароби туҳур "Шароби пок ва ноб" мегардонанд.

 

 

 

46

 

بَیْضَاءَ لَذَّةٍ لِّلشَّارِبِینَ

Шароби сафед ва дурахшанда ва лаззатбахш барои нушандагон.

 

47

 

لَا فِیهَا غَوْلٌ وَلَا هُمْ عَنْهَا یُنزَفُونَ

 

"шаробе, ки" на дар он мойяи фасоди ақл аст ва на онон аз "Нушидани" он маст мешаванд.

 

48

 

وَعِندَهُمْ قَاصِرَاتُ الطَّرْفِ عِینٌ

 

Ва назди онон ҳамсароне аст "Зебо ва" дурӯштчашм, ки аз ғайр фурӯ мебанданд.

 

49

 

کَأَنَّهُنَّ بَیْضٌ مَّکْنُونٌ

 

Гуйё тухми мурғҳое ҳастанд, ки "Дар зери бол ва пари мурғ" пушида  ва паноҳ мондааст "Ва ҳаргиз дасти касе ба он нарасидааст.

 

Дар поёни оятҳои қабл, Қуръон ишора карда, ки биҳиштиён ба тахтҳо такя мезананд ва ҳамнишинӣ ва маҳфили гарм ва самимӣ доранд, ин оятҳо мефармояд: атрофи тахтҳои онон, маъмурони пазироии биҳишт мечарханд то ононро аз нушиданиҳои лазиз ва гувороии биҳиштӣ баҳраманд созанд, нушиданиҳое, ки аз чашмаҳои биҳишт мечушад ва маъмурони пазироӣ, ҷомҳоро аз он пур мекунанд ва гирдогирди биҳиштиён мегардонанд.

Дар дунё идае аз ақвом, бо анвои шаробҳо аз меҳмонони худ пазирои мекунанд, аммо ин оятҳо, ба муқоиса зимни шаробҳои биҳиштӣ бо шаробҳои дунёи мепардозад,, лозим ба зикр аст, ки нушиданиҳои биҳшт, ки дар ояти 21 сураи Инсон аз он ба "Шароби туҳур" таъбир шудааст, бо шаробҳои дунявӣ мутафовит аст ва баракс шаробҳои дунёи ҳечгуна мастӣ ё гуфтор ва рафтори ношоистаро ба дунбол надорад.

Дар поёни ин оятҳо, Қуръон ба яке дигар аз неъматҳои биҳиштӣ ишора карда ва мефармояд: ҳамсарони биҳиштӣ, ки ҷуз шавҳарони худ ишқ намеварзанд ва ба дигарон назар надоранд, занони зеборӯйе ҳастанд, ки аз дастраси дигарон ба дур буда ва пинҳон ва пушида ҳастанд, ҳамчун тухми мурғе, ки мурғ онро зери пар ва боли худ пинҳон мекунад то аз дастраси дигарон ба дур бошад, занони биҳиштӣ низ бадани худро дар миёни либосҳои чун бол ва пари парандагон пушида ва пинҳон медоранд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Миод ҷисмонӣ аст ва дар онҷо анвои гуногун аз лаззоти ҷисмӣ барои биҳиштиён вуҷуд дорад, дузахиён ҳам бо анвои шиканҷаҳои ҷисмӣ азоб мешаванд.

 

2 – Ранги сафед, аз рангҳои биҳиштӣ аст, ки нишонаи равшанӣ, зебоӣ, покӣ ва назофат аст.

 

3 – Занони биҳиштӣ, ҳам зебо ва дилрабо ҳастанд, ҳам афиф ва покдоман.

 

 

 

 

Август 13, 2018 12:26 Asia/Dushanbe
Назарҳо