Қисмати 816 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 50-61

50

فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَى بَعْضٍ یَتَسَاءَلُونَ

 

Пас бархе аз онон ба  бархе рӯй карда, аз якдигар мепурсанд.

 

51

قَالَ قَائِلٌ مِّنْهُمْ إِنِّی کَانَ لِی قَرِینٌ

 

Яке аз онҳо мегуяд: ман "Дар дунё" ҳамнишин доштам.

 

52

 

یَقُولُ أَإِنَّکَ لَمِنَ الْمُصَدِّقِینَ

 

Ки мегуфт: оё ту "Ба ростӣ" аз бовардорандагони "Қиёмат" ҳастӣ?

 

53

أَإِذَا مِتْنَا وَکُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَدِینُونَ

 

Ки ҳар гоҳ мурдем ва хок ва устухон      шудем, "Бори дигар зинда мешавем ва" ҷазо дода мешавем?

 

Дар оятҳои қабл гуфтем, ки биҳиштиён бар тахтҳо такя мезананд ва дар базмҳои биҳиштӣ бо дӯстони худ, ҳамнишинӣ ва гуфтугуҳои самимона доранд, ин оятҳо яке аз гуфтугуҳои аҳли биҳиштро гузориш медиҳад то муҷиби таваҷҷуҳ ва тазаккури мо инсонҳои ғофил шавад ва бидонем чӣ басо дӯстон ва ҳамнишиноне, ки дар дунё бо ҳам ҳастанд, аммо дар қиёмат роҳи онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, яке ба биҳишт меравад ва дигаре ба дузах.

Ин оятҳо мефармояд: биҳиштиён дар гуфтугуҳои худ, аз ончӣ дар дунё бар онҳо гузашта мепурсанд ва ҳар кадом хотироти худро баён мекунанд, яке аз онҳо ба хотирае аз дӯсташ ишора мекунад, ки мункири қиёмат буд ва зинда шудани дубораи инсонҳо пас аз маргро амре ғайри мумкин мепиндошт, ӯ ҳамвора бо тааҷуб аз дӯсти муъмини худ мепурсид: оё ту воқеан чунин чизеро бовар дорӣ? Оё муътақиди корҳои мо дар олам пас аз ин дунё, шомили кайфар ва подош мешавад?

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳамнишинӣ бо афроди бедин бо суст имон, дар сурате, ки муҷиби тазъифи имон ва эътиқодоти инсон нашавад, биломонеъ аст,. Ба вижа агар инсон битавонад онҳоро ба сӯйи дин ва роҳи ҳақ даъват кунад ё лоақал ба савволоти фикрии онҳо посух гуяд:

2 – Мункирони миод, далили ақлӣ ё таҷрибӣ бар нафии миод ва олами пас аз марг надоранд ва танҳо кори онҳо истибъод ва тааҷуб аст.

 

3 – Дар қиёмат, хотироти инсон аз дунё фаромӯш намешавад ва ӯ метавонад ончиро, ки бар ӯ гузаштааст, ба ёд оварад.

 

54

قَالَ هَلْ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ

"Сипас ба дӯстони биҳиштии худ" мегуяд: оё шумо мехоҳед "Аз ҳоли ӯ" огоҳ шавед?

 

55

فَاطَّلَعَ فَرَآهُ فِی سَوَاءِ الْجَحِیمِ

Пас аз ҳоли ӯ иттилоъ меёбад ва ӯро дар миёни дузах мебинад.

56

 

قَالَ تَاللَّـهِ إِن کِدتَّ لَتُرْدِینِ

 

Гуяд: ба Худо савганд наздик буд, ки маро ба ҳалокат андози.

 

57

 

وَلَوْلَا نِعْمَةُ رَبِّی لَکُنتُ مِنَ الْمُحْضَرِینَ

Ва агар лутфи Парвардигорам набуд, қатъан  "Ман низ" аз эҳзоршудагон "Дар дузах" будам.

 

Он фарди биҳиштӣ, дар идомаи баёни хотироташ барои дӯстони биҳиштӣ мегуяд: он касе, ки дар дунё ба хотири эътиқодам ба қиёмат маро зери сввол мебурд, имрӯз дар дузах гирифтор аст, агар бихоҳед метавонед ҷойгоҳи ӯро дар дузах бубинед, албатта ман ҳам ба далили ҳамнишинӣ ва дӯстӣ бо ӯ, дар маърази лағзиш ва инҳироф будам ва чӣ басо имрӯз ман ҳам дар канори ӯ дар дузах будам, аммо Худованд ба хотири имон ва корҳои неки ман, маро мавриди лутф қарор дод ва тавонистам аз ин маҳлака наҷот ёбам.

 

Аз ин ятҳо меомӯзем:

 

 

1 – Бар асоси  оятҳои Қуръон, биҳиштиён ба дузахиён ашроф доранд ва ҳаргоҳ бихоҳанд метавонанд аз авзои дузахиён матлаъ шаванд ва бо онҳо гуфтугӯ кунанд, аммо дузахиён наметавонанд биҳиштро бубинанд ва аз аҳволи биҳишт огоҳ шаванд.

 

2 – Ҳамнишинӣ ва дӯстӣ бо мункирони дин, дар сурате, ки муҷиби тазъифи имони фард нашавад, било ишкол аст.

 

3 – Дар айни ҳол, дӯстӣ бо ин гуӯҳ афрод, хатарнок аст ва агар лутф ва иноди Худован набошад, инсон таҳти таъсир қарор гирифта ва ҳамонанди онон дузахӣ мешавад.

 

58

أَفَمَا نَحْنُ بِمَیِّتِینَ

"Онгоҳ ба ёрони биҳиштии худ мегуянд:" оё мо дигар намемирем?

 

59

إِلَّا مَوْتَتَنَا الْأُولَى وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِینَ

Ҷуз ҳамон марги нахустини мо "Ки дар дунё ба суроғамон омад" ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд?

         

60

إِنَّ هَـذَا لَهُوَ الْفَوْزُ الْعَظِیمُ

 

Бетардид ин ҳамон растагории бузург аст.

 

61

 

لِمِثْلِ هَـذَا فَلْیَعْمَلِ الْعَامِلُونَ

 

Пас барои мисли ин "Подош" бояд аҳли амал талош кунанд.

 

Равшан аст касе, ки ворииди биҳишт шавд, медонад, ки азобе ба суроғи ӯ нахоҳад омад, чаро, ки агар қарор буд азоб шавад, пеш аз вуруд ба биҳишт ба он мубтало мешавад.

Аммо ёдоварии ин матлаб ва зикри он ба забон, барои ду чиз аст: ёд кардан аз лутф ва инояти илоҳӣ, ки заминаи шукр ва сипос аз ӯст, дигаре зикри ин матлаб, ки болотарини хушбахтии инсон ин аст, ки барои ҳамеша дар биҳишти илоҳӣ сокин шавад ва аз ҳаргуна беморӣ ва пирӣ, ки дар дунё муҷиби марг буд, ба дур бошд, лозим ба зикр аст, ки умри дунё кӯтоҳ ва пур аз ранҷ ва заҳмат ва машақат аст, аммо охират бепоён аст ва аҳли биҳишт, аз рифоҳ ва роҳатӣ ва осоиши ҳамешагӣ бархурдоранд.

Ояти поёнии паёми биҳиштиён ба аҳли дунёро баён мекунад, ки: эй касоне, ки ҳануз фурсати зиндагӣ дар дунёро доранд ва умри шумо боқӣ аст, то метавонед талош кунед ва кори нек анҷом диҳед то битавонед барои охирати худ захираи бештаре бияндузед, мол ва сарват, колое аст, дар дунё арзиш дорад ва корсоз аст, аммо дар бозори охират фақат асалро мехаранд ва инсонҳоро бо мизони аъмолашон месанҷанд, на бо сарват ва қудрат ва унвон ва шуҳраташон.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар биҳишт, марг ва нестӣ роҳ надорад, аммо дар дузах, муҷримон ба маври мукаррар дар асари азоб мемиранд ва дубора зинда мешаванд.

 

2 – Саодати воқеӣ дар гарави ҳифзи худ аз лағзишҳо ва инҳирофот дар муҳитҳои фосид аст то инсони солим ба мақсат бирасад

3 – Корҳои инсон дар дунё бояд барои расидан ба ҳадафҳои олӣ ва растагории бузург бошад, вагарна иинсон дучори ҳасрат ва хусрони азим мешавад.

 

 

 

 

 

 

Август 14, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
Назарҳо