Қисмати 817 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 62-68

62

 

أَذَلِکَ خَیْرٌ نُّزُلًا أَمْ شَجَرَةُ الزَّقُّومِ                                                                                            

  Оё ин "Биҳишт" барои пазирои беҳтар   аст, ё дарахти заққум?

 

63

إِنَّا جَعَلْنَاهَا فِتْنَةً لِّلظَّالِمِینَ                                                                                                                                                                   

 

Мо онро барои ситамкорон мойяи шиганча ва азоб қарор додаем.

 

Дар оятҳои қабл ба гӯшае аз неъмаатҳои биҳиштӣ ва рифоҳ ва осойиши аҳли биҳишт ишора шуд, аммо ин оятҳо, шароити онҳоро бо авзоъ ва аҳволи аҳли дузах муқоиса карда ва мефармояд: оё пазиройи биҳиштиён бо анвои нушиданиҳои гуворо беҳтар аст, ё пазироии дузахиён бо хурданиҳо ва нушиданиҳои талх ва ногувор.

Равшан аст, ки ин ду бо ҳам қобили муқойиса нест то гуфта шавад кадом беҳтар аст, зеро аслан дузах ҷойҳи рифоҳ ва осоиш нест то онро бо биҳишт, ки дарбаргирандаи анвои лаззатҳо ва осудагиҳост, муқоиса кунем, балки ингуна таъбир барои тазаккур ва бедор кардани афроди ғофил аст, ки агар дар корҳои нодуруст ва ношоистае, ки анҷом медиҳед, ба лаззат ва хушӣ мерасед, онро рифоҳ ва осойиши абадӣ дар биҳишт ва гирифтор шудан ба нороҳатӣ ва азоб дар дузах, муқоиса кунед.

 

Аз инятҳо меомӯзем:

 

1 – Ду муқоисаи корҳо бо якдигар, фақат осор ва натоиҷи зудгузари динявии онҳоро набинем, балки ба кайфар ва подоши ухравии онҳо низ таваҷҷуҳ дошта бошем.

2 – Милоки вуруд ба дузах, зулум аст, зулум ба худ, зулум ба дигарон, зулум ба дини Худо ва авлиёи Худо.

 

 

64

 

إِنَّهَا شَجَرَةٌ تَخْرُجُ فِی أَصْلِ الْجَحِیمِ

Он дарахте аст, ки аз қаъри дузах меруяд.

 

65

 

 طَلْعُهَا کَأَنَّهُ رُءُوسُ الشَّیَاطِینِ

Шукуфаҳои он монанди сарҳои шааётин "Зишт ва баднамо" аст.

 

66

 

 فَإِنَّهُمْ لَآکِلُونَ مِنْهَا فَمَالِئُونَ مِنْهَا الْبُطُونَ

Пас дузахиён аз он мехуранд ва шикамҳоро аз он пур мекунанд.

 

Ин оятҳо заққумро тавсиф мекунад, чунонки дар оятҳои 43 то 46 сураи Духон низ мушобеҳи ин тавсифот дар бораи заққум омадааст, барасоси ин ду даста оятҳо, заққум навъи гиёҳ ва дарахт аст, ки миёни оташи сузон меруяд ва дузахиён аз меваи он мехуранд, табии аст гиёҳе, ки дар миёни оташ бируяд на об, дорои хосияти сузондаги аст ва меваи он, муҷиби заҷр ва заҳмати хурандаи он мешавад.

Афзун бар бӯйи бад ва маззаи бади ин гиёҳ, Қуръон онро дар зиштӣ ва ҳавлнокӣ, ба сар дев ташбиҳ кардааст, лозим ба зикр аст, ки мардум аз замони қадим, сари девро ваҳшатнок тавсиф мекарданд, чунонки  фариштагонро дар зиҳни худ зебо ва дилрабо тасвир менамуданд, дар ҳоле, ки ҳеч кас фаришта ва девро надидааст!

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Низоми охират бо низоми дунё мутафовит аст, лизо имкони равиши гиёҳ ва дарахт, дар қаъри дузах ва дар миёни оташи сузони он вуҷуд дорад.

 

2 – Онон, ки дар дунё аз дастуроти шайтон пайравӣ мекунанд, дар дузах гирифтори гиёҳоне мешаванд, ки ба ҷойи манозири сабз ва зебо, дорои манзараи зишт ва танфирангез аст, гуё сарҳои тарсноки шаётин аз замин саровардааст.

 

67

ثُمَّ إِنَّ لَهُمْ عَلَیْهَا لَشَوْبًا مِّنْ حَمِیمٍ                                                                   

Сипас бар рӯйи он "Ғазо" махлуте аз оби ҷушон ва сузанда барои онон хоҳад буд.

 

68

 

ثُمَّ إِنَّ مَرْجِعَهُمْ لَإِلَى الْجَحِیمِ                                       

                                     

Сипас бозгашти онон ба сӯйи дузах аст.

 

Табии аст хурдани меваи дарахти заққум, ташнагӣ ба дунбол дорад ва ин оятҳо мефармояд: онҳо, ки аз дарахти заққум  мехуранд, барои рафъи ташнагӣ, обе менушанд, ки бисёр доғ ва сузонанда ва олуда аст ва ба ҷойи рафъи аташ, ташнагиовар аст.

Идомаи оятҳо мефармояд: онон пас аз ин мароҳил вориди дузах мешаванд, бинобар ин ончӣ аз дарахти заққум ва нушиданӣ пас аз он гуфта шуд, пазирои дузахиён пеш аз вуруди онон ба дузах будааст, монанди пазирои аз меҳмонон дар ҳангоми вуруд ба маҷлис ва маҳфили шодӣ, агар наҳваи пазирои пеш аз вуруд ба дузах ин гуна аст, пас аз вуруд ба ҷаҳанам чигуна аз онон пазирои хоҳад шуд?

 

1 – Дузахиён ҳамҷун аҳли биҳишт, хурданӣ ва ошомиданӣ доранд, аммо инҳо на танҳо лазиз ва хушоянд нест, балки бадшакл ва бадмазза аст ва муҷиби заҷр ва озори онҳо мешавад.

 

2 – Онҳо, ки дар дунё шиками худро аз ҳаром пур мекунанд ва тавҷиҳе ба дастуроти Худованд надоранд, дар қиёмат низ шикамашон аз чизҳое пур мешавад, ки муҷиби озор ва шиканҷаи онҳост.

 

3 – Мавоқифи қиёмат мутафовит аст, аҳли дузух пас аз гузарондани  мароҳили мухталиф ба қароргоҳи аслӣ дар дузах ворид мешаванд.

 

 

   

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Август 25, 2018 09:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо