Қисмати 818 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 69-78

69

 

إِنَّهُمْ أَلْفَوْا آبَاءَهُمْ ضَالِّینَ                                         

Онон падаронашонро гумроҳ ёфтанд.

 

70

 

فَهُمْ عَلَى آثَارِهِمْ یُهْرَعُونَ                                          

Ва аз пайи онон шитоб мераванд.

 

71

وَلَقَدْ ضَلَّ قَبْلَهُمْ أَکْثَرُ الْأَوَّلِینَ                                    

Ва бе гумон қабл аз онон, бештари пешиниён "Низ" гумроҳ шуданд.

 

Дар оятҳои қабл вазъияти сахт ва душвори кофирон ва муҷримон дар дузах баён шуд, ин оятҳо далили дузахӣ шудани ононро чунин баён мекунад: онҳо бидуни андеша ва тафаккур дар афкор ва ақоиди падарон ва ниёгони худ, боварҳои ононро пазируфтанд ва куркурона аз роҳ ва равиши онҳо тақлид карданд, бо он, ки мефаҳмиданд афкори онҳо нодуруст аст ва мабнои саҳиҳ ва оқилонае надорад.

Идомаи оятҳо мефармояд: мутаасифона ин тақлиди нобаҷо дар тули таърих дармиёни ақвом ва миллали мухталиф ривоҷ доштааст, бисёре аз мардум гумон мекунанд одоб ва русум ва афкор ва боварҳои пешиниёни онҳо дуруст аст, ҳатто агар худ ба хурофӣ будани он назар карда ва нодуруст будани онҳоро эълом кунанд.

Ҳифзи мероси гузаштагон ба маънои тақлиди куркурона ва бемантиқ аз онҳо нест, чунон,ки агар башар дар улуми таҷрибӣ танҳо ба дониши гузаштагон басанда мекард, ҳеч пешрафт ва тавсияе дар зиндагии ӯ ҳосил намешуд, ба баёни саҳиҳтар, ҳифз ва посдошти мироси гузаштагон, ба маънои ҳифзи одоб ва сунатҳои хуб ва муфиди онҳост.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар фарҳанги Исломӣ, тақлид дар эътиқодот ҷойиз нест, на аз падарон ва ниёгон ва на аз олимони диннӣ, ҳар кас бояд худаш дар мавриди усули ақоид, ки шомили тавҳид ва нубуват ва миод аст, баррасӣ ва таҳқиқ кунад ва аз рӯйи далил ва мантиқ, ба яқин бирасад.

 

2 – Бо тақлиди куркурона ва бидуни далил, инсон дучори сарнавиши бад дар дунё ва охират мешавад.

 

3 – Одоб ва русум ва афкор ва ақоиди пешиниён, бояд бо меъёри ақл ва мантиқ санҷида шавад, на авотиф ва эҳсосоти қавӣ ва нажодӣ ва имсоли он.

 

 

 

72

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا فِیهِم مُّنذِرِینَ                                        

 

Ва қатъан дар миёни онҳо бимдиҳандагоне фиристодем.

 

73

فَانظُرْ کَیْفَ کَانَ عَاقِبَةُ الْمُنذَرِینَ                                  

Пас бингар, ки саранҷоми ҳушдордодагон чигуна буд.

 

74

إِلَّا عِبَادَ اللَّـهِ الْمُخْلَصِینَ                                             

"Ҳамаи онон нобуд шуданд" ҷуз бандагони холисшудаи Худо.

 

Дар идомаи оятҳои қабл дар мавриди ин, ки гумроҳон гирифтори дузах шуданд, ин оятҳо мефармояд: гумроҳии ин даста аз афрод ба хотири набуди раҳбарони осмонӣ набудааст, зеро Худованд дар миёни ақвоми мухталиф афродеро фириистодааст, ки онҳоро иршод кунанд ва аз оқибати бад дар дунё ва охират барҳазар доранд.

Гарчӣ паёмбарони соҳиби китоб, аз назари теъдод кам будаанд, аммо паёмбарони таблиғие, ки шариати паёмбарони бузургро таблиғ мекарданд, бисёр будаанд то онҷо, ки дар бархе ривоётҳо, теъдоди онҳо ҳудуди сад ва бист ва чаҳор ҳазор нафар эълом шудааст.

Аз вазоифи муҳими паёмбарон, огоҳӣ додан ба мардум ва раҳо кардани онҳо аз қайд ва банди хурофот ва дур кардани онҳо аз ширк ва куфр ва зулм будааст, аммо мутаасифона бсёре аз мардум ба иршод ва андози ин муалимони дилсӯз таваҷҷуҳе намекунанд ва гирифтори сарнавишти бад дар дунё ва охират мешаванд.

Албатта бандагони холисе, ки дар ҳамаи умури зиндагиӣ фақат Худоро дар назар мегиранд ва ба таври пайваста барои ҷалби ризояти Ӯ мекушанд, аз оқибати бад ба дуранд ва ба саодат мерасанд, афроди мухлис, агар дар маърифати Худо ва имон ба Ӯ, ба дарачаи камол бирасанд, аз сӯйи Худванд подоши вижае дарёфт мекунанд то аз хатарот ва осебҳои нафсонӣ ва шайтонӣ дар амон бимонанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Ҳушдор додан ба мунҳарифон барои ҳифзи онҳо аз оташи дузах дар қиёмат, монанди ҳушдор додан ба сокинони хонае, ки дар маърази оташсӯзӣ аст, амре лозим аст.

 

2 – Агар аксаряти ҷомеаи мунҳариф шаванд, набояд ҳамранги онон шуд, балки бояд дар садади роҳнамои ва иршоди онон баромад.

 

3 – Мутолиаи таърихи ақвом ва афроди гузашта ва таваҷҷуҳ ба сарнавишти онон, мояи ибрат ва рӯшди инсон аст ва ба ӯ дар тамизи ҳақ ва ботил кумак мекунад.

 

4 – Ихлос дар ибодат ва бандагии Худо, мояи саодати инсон ва наҷоти ӯ аз оқибати бад аст.

 

 

75

وَلَقَدْ نَادَانَا نُوحٌ فَلَنِعْمَ الْمُجِیبُونَ                                  

Ва ҳамоно Нуҳ, моро нидод дод, "Ва нидои ӯро иҷобат кардем" пас чӣ хуб иҷобаткунандае ҳастем.

76

وَنَجَّیْنَاهُ وَأَهْلَهُ مِنَ الْکَرْبِ الْعَظِیمِ                                  

Ва ӯ ва хонаводаашро аз андуҳи бузург раҳонидем.

 

77

 

وَجَعَلْنَا ذُرِّیَّتَهُ هُمُ الْبَاقِینَ                                          

Ва насли ӯро боқӣ гузоштем.

 

78

 

وَ تَرَکْنا عَلَیْهِ فِی الْآخِرِینَ                                          

Ва дар миёни ояндагон барои ӯ "Номи нек" ба ҷо гузоштем.

 

Оёти қабл фармуд: Худованд дар миёни ақвоми гузашта паёмбаронеро мабъус кард, ин оятҳо ба яке аз он паёмбарон яъне ҳазрати Нуҳ (а) ишора мекунад, ки аз паёмбарони бузурги илоҳӣ аст.

Мефармояд: бо он,ки ҳазрати Нуҳ (а) солҳо қавмашро иршод кард ва аз рӯйи дилсӯзӣ ва хайрхоҳӣ онҳоро аз куфр ва ширк барҳазар дошт, аммо аксари қавмаш ба суханони ӯ таваҷҷуҳе накарда ва рисолати ӯро такзиб намуданд.

Саранҷом ҳазрати Нуҳ (а) аз ҳидояти қавмаш маъюс шуд ва аз Худованд хост, ки кофиронро решакан кунад ва муъминонро наҷот диҳад. Худованд низ дуои ӯро мустаҷоб намуд, туфон ва сели азиме ҳамаҷоро фарот гирифт ва кофирон ба ҳалокат расиданд, танҳо аҳли имон, ки ба ваъдаҳои ҳазрати Нуҳ (а) имон доштанд, ҳамроҳи ӯ дар кишти савор шуда ва наҷот ёфтанд.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дуо, роҳи дарёфти имдодҳои илоҳӣ аст, албатта барои касоне, ки вазифаи худро ба наҳви саҳиҳ анҷом диҳад, лозим ба зикр аст, ки мардони Худо ҳангоме, ки кор бар онон сахт шавад, бо дуо ва истимдод аз даргоҳи Худованд, бар мушкилот ғалаба меёбанд ва дучори бунбаст намешаванд.

Бақо ё инқирози наслҳо ба дасти Худост, Худованд Нуҳ (а)  ва касон ва ёронии бо имони ӯро дар баробари он туфони кубанда ва ҳавлнок ҳифз кард ва гумроҳонро ба ҳалокат расонд.

 

2 – Саранҷоми покон ва солиҳон ва парҳезкорон аз бало ва андуҳи бузург раҳои ёфтанд ва оқибат ба хайр мешаванд "Дар дунё ва охират"

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Август 26, 2018 09:36 Asia/Dushanbe
Назарҳо