Қисмати 819 сураи муборакаи " Соффот ", ояи 79-92

79

سَلَامٌ عَلَى نُوحٍ فِی الْعَالَمِینَ

 

Салом бар Нуҳ дар миёни ҷаҳониён.

 

80

إِنَّا کَذَلِکَ نَجْزِی الْمُحْسِنِینَ

 

Мо некукоронро ингуна подош медиҳем.

 

81

 

إِنَّهُ مِنْ عِبَادِنَا الْمُؤْمِنِینَ

Ба рости ӯ аз бандагони муъмини мо буд.

 

82

ثُمَّ أَغْرَقْنَا الْآخَرِینَ

Сипас дигаронро ғарқ кардем..

 

Дар оятҳои қабл, ишора шуд, ки ҳазрати Нуҳ (а) ва ёрони ҳамроҳаш аз туфони азим ва ҳавлнок наҷот ёфтанд, онҳо саранҷом солим ба соҳили амн расиданд, ин оятҳо мефармояд: ҳамаи кафирон ва мункироне, ки рисолати ҳазрати Нуҳро такзиб мекарданд ва суханони ӯро ба тамасхур мегирифтанд, дучори азоби илоҳӣ шуданд ва ба ҳалокат расиданд.

Салом ва дуруди илоҳӣ ва ҳамаи аҳли имон дар тули таърих шомили ҳоли Нуҳ (а) аст, зеро ӯ нуҳсад ва панҷоҳ сол барои наҷоти қавмаш талош кард, дар ин роҳ сабр ва шикебои намуд ва озори бисёр дид, чӣ ифтихоре болотар аз инки Худованд ба инсон салом бифиристад ва онро дар миёни ҷаҳониён то қиёмат ҳифз намояд.

Идомаи оятҳо мефармояд: ин салом ва подоши илоҳӣ, ихтисосе ба Нуҳ (а) надорад, балки ҳамаи некукорон, машмули салом ва наҷоти илоҳӣ мешаванд ва ба онҳо аҷр ва подош дода мешавад.

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Паёмбарон ва авлиёи Худо, ки аз ҷаҳон рафтаанд, саломҳои моро дарёфт мекунанд, чаро, ки саломи Худованд ба касе, ки чизеро намешунавад ва суханонро дарк намекунад, бемаъност, ба ин тартиб, салом ба анбиё ва авлиёи даргузашта, кори илоҳӣ ва арзишманд аст.

 

2 – Суннати Худованд ин аст, ки некукорон машмули лутфи илоҳӣ шуда ва аз Худованд подош дарёфт кунанд. Худованд подоши некукоронро дар дунё низ медиҳад.

 

3 – Эҳсон ҳамроҳ бо имон ва имон ҳамроҳ бо эҳсон корсоз аст ва ҳечкадом ба танҳои кофӣ нест.

 

4 – Ҳангоми нузули азоб дар дунё, Худованд муъминонро наҷот медиҳад, гарчӣ дар миёни ҷамъи кофирон бошанд.

 

 

83

 

وَإِنَّ مِن شِیعَتِهِ لَإِبْرَاهِیمَ

Бегумон Иброҳим аз пайравони Нуҳ буд.

 

 

84

 إِذْ جَاءَ رَبَّهُ بِقَلْبٍ سَلِیمٍ                                          

Онгоҳ, ки бо қалби пок ба пешгоҳи Парвардигораш омад.

 

85

 

إِذْ قَالَ لِأَبِیهِ وَقَوْمِهِ مَاذَا تَعْبُدُونَ

 

Онгоҳ, ки ба падар ва қавмаш гуфт: чӣ чизеро мепарастед?

 

86

أَئِفْکًا آلِهَةً دُونَ اللَّـهِ تُرِیدُونَ

Оё ба дуруғ, маъбудҳои дигаре ғайр аз Худоро мехоҳнед?

 

87

فَمَا ظَنُّکُم بِرَبِّ الْعَالَمِینَ

Пас гумони шумо ба Парвардигори ҷаҳониён чист?

 

Аз назари таърихӣ, байни ҳазрати Нуҳ (а) ва ҳазрати Иброҳим (а), мудати замони зиёде фосила аст, аммо чун рисолати ҳазрати Иброҳим (а) дар идомаи ҳазрати Нуҳ (а) ва дар ҳамон хати тавҳид ва яктопарастӣ будааст, Қуръон, ҳазрати Иброҳимро пайрави ҳазрати Нуҳ (а) дониста ва байни онҳо тавре пайванд барқарор карда, ки гуё фосилае байнашон набудааст.

Муҳимтарин вежагие, ки ин оятҳо барои ҳазрати Иброҳим (а) бармешумурд, "Қалби солим" аст. Салим ҳам ба маънои солим аз ҳаргуна олудагӣ ва ширк аст ва ҳам ба маънои таслим будан дар баробари Худо.

Аз онҷо, ки қалби Ҳазрати Иброҳим (а) аз ҳаргуна ширк ва куфр пок ва муназзаҳ буд, наметавонист дарбаробари ширк  ва бутпарастии атрофиён ва қавмаш сокит бимонад, лизо дар мақоми иршод ва инзори онҳо баромад ва онҳоро ба нидои фитраташон таваҷҷуҳ дод, аз онҳо пурсид чигуна дар баробари аҷсоми беҷон, сари таъзим фуруд меоваред ва онҳоро мепарастед? Чаро ба ҷойи Худои воқеӣ, суроғи худоёни дуруғин меравед? Чигуна аст, ки Парвардинори ҷаҳониёнро раҳо кардаед ва боз ҳам интизори лутф ва раҳмат аз Ӯ доред?

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Роҳи ҳамаи паёмбарон яке аст ва ҳечгуна ихтилоф ва тазоде миёни онҳо вуҷуд надорад, авомиле чун замон ва макон, таъсире дар усул ва миёни равшани адёни осмонӣ надорад.

 

2 – Дурӣ аз ҳаргуна ширк ва олудагӣ ва таслим будан дар баробари Худо, муҳимтарин вежагии анбиёи илоҳӣ ва пайравони онҳост.

 

3 – Инсон дар баробари дигарон масъул аст ва бояд барои ҳидояти наздикон ва атрофиёни худ талош кунад.

 

4 – Мардони Худо дар муҳити фосид ҳазм намешаванд, балки ба тариқи мухталиф мекушанд, ки муҳитро иваз кунанд.

 

 

 

88

 

فَنَظَرَ نَظْرَةً فِی النُّجُومِ                                           

Пас нигоҳе ба ситорагон андохт.

 

89

 

فَقَالَ إِنِّی سَقِیمٌ                                                          

Ва гуфт: ман биморам.

 

90

 

 فَتَوَلَّوْا عَنْهُ مُدْبِرِینَ                                                 

Пас аз ӯ рӯй гардонданд ва баргаштанд.

 

91

 

 فَرَاغَ إِلَى آلِهَتِهِمْ فَقَالَ أَلَا تَأْکُلُونَ                                  

 

Пас пинҳони ба сӯйи худоёнашон рафт ва "Аз рӯйи ришханд" гуфт: чаро ғазо намехуред?

 

92

مَا لَکُمْ لَا تَنطِقُونَ

Шуморо чӣ шуда, ки сухан намегуед?

 

Дар идомаи оятҳои қабл, ки савволҳои ҳазрати Иброҳимро дар баробари бутпарастон матраҳ кард, ин оятҳо ба шеваи дигари он ҳазрат барои бедор кардани мушрикон ва мунҳарифон ишора мекунад.

Расми мардуми шаҳри Бобил ин буд, ки барои баргузории маросими ид, аз шаҳр хориҷ мешуданд, онҳо шаб аз қабл аз ҷашн аз Иброҳим (а) даъват карданд, ки ҳамроҳи онон дар маросим ширкат кунад, аммо ҳазрати Иброҳим (а) мунтазири фурсате буд то бутҳоро дарҳам бикубад, аз онҷо, ки мардуми Бобил ситорагонро дар сарнавишти худ муасир медонистанд, ҳазрат барои он,ки онҳоро  қонеъ кунад, ки ҳамроҳи онон аз шаҳр хориҷ нашавад, ба шакли зоҳирӣ барасоси боварҳои онҳо, нигоҳе ба ситорагон кард, сипас гуфт: узри маро бипазиред зеро барасоси авзои ситорагон пешбинӣ мекунам, ки дар сурати хуруҷ аз шаҳр бемор мешавам, пас беҳтар аст дар шаҳр бимонам.

Бедуни шак, ҳазрати Иброҳим (а), эътиқоде ба нақши ситорагон надошт, вале барои қонеъ кардани мардум, аз шеваи мавриди қабули онҳо истифода кард, ба ҳар ҳол, бо ин баҳона, ҳамроҳи мардум аз шаҳр хориҷ нашуд ва муқадамоти кореро, ки барномарезӣ карда буд,фароҳам сохт, ӯ дар ғоиби мардум ба суроғи бутҳои бузург ва кучак рафт ва хитоб ба онҳо гуфт: чаро ончиро мушрикон ба унвони назр барои шумо оварданд, намехуред? Чаро посухи маро намедиҳед ва бо ман сухан намегуед? Магар ин мушрикон ақида надоранд, ки шумо дар сарнавишти онҳо таъсир доред, пас чаро ҳеч коре аз шумо сарнамезанад?

 

Аз ин оятҳо меомӯзем:

 

1 – Дар таблиғи роҳи ҳақ, бояд бо ҳар гурӯҳе бо забони худашон сухан гуфт, лизо шинохти афкор ва одоб ва русуми мардум, барои пайдо кардани шеваи дурусти роҳнамоии онҳо ба сӯйи ҳақ, лозим аст.

 

2 - Афкор ва равишҳои инҳирофӣ дар ҷомеа, бояд ибтикори амал ба харҷ дод ва бо ҳушёрӣ ва тезбинӣ аз фурсатҳои муносиб баҳра ҷуст.

 

3 – Мантиқи паёмбарон барои нафи ширк ва даъват ба тавҳид, равшан ва мутобиқ бо ақл ва фитрати инсон аст.

 

 

 

 

 

 

Сентябр 11, 2018 13:43 Asia/Dushanbe
Назарҳо